Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020

Иҷрокунандаи асосии Барномаи мазкур Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар амалигардонии он вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат меварзанд. Ба ҳайси шарикони иҷтимоӣ Бюрои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои донор баромад мекунанд.

Дар Барнома асоснокии гузаронидани ислоҳот ва рушди милитсия, дурнамои натиҷаҳои эҳтимолии иҷтимоиву иқтисодӣ,маълумот дар бораи  маблағгузорӣ, манбаъ, тартиб ва муҳлати хароҷот пешбинӣ мегарданд (замимаи 1). Ҷараёни амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои Барнома дар ҳамкории мутақобила бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бюрои Созмони амният ва ҳамкорӣдарАвруподар Тоҷикистон (минбаъд – Бюрои САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва кишварҳои донор ба роҳ монда мешавад.

Ислоҳоти милитсия бояд иқдоми аввалине бошад, ки бо тағйироти муносиб дар фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ пурра ва мукаммал гардонида мешавад.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома аз инҳо иборат мебошанд:

– муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот ва рушди милитсия, давра ба давра беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи муосир ва меъёрҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф намудаи Тоҷикистон, такмили ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини моддӣ ва ҳимояи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ;

– такмили минбаъдаи заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти милитсия;

– таҳия ва ҷорӣ намудани маҷмӯи чораҳои ташкилӣ ва идоракунӣ, ки бо тағйир додани меъёрҳои баҳодиҳии фаъолияти милитсия алоқаманд аст, беҳгардонӣ ва таъмин намудани дастрасии мақомоти милитсия ба аҳолӣ;

– таъсис додани низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноят, ки ба технологияи иттилоотии муосир асос ёфтааст;

– баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва касбияти ҳайати шахсӣ тавассути ҷорӣ намудани низоми пешрафтаи таҳсил, омода ва такмили ихтисоси кормандон;

– ҷорӣ намудани тартиби дар асоси озмун ба вазифаҳои холӣ таъинкунӣ, ҷойивазкунӣ, бартарафкунии хатар ва омилҳои коррупсионӣ, қонуншиканиҳои хизматӣ дар ин самтҳо;

– такмили низоми идоракунии болоравии мансабии корманди милитсия, интихоб, таъин намудан ба вазифаи роҳбарикунанда, баназаргирии комёбиҳои хизматӣ, кор бо захираи кадрҳо, талаботи тахассусӣ, таъиноти озмунӣ ба вазифа ва ғайра;

– таъсиси механизми муосири идоракунии сохтори милитсия дар асоси принсипҳои тақсимоти вазифаҳо ва аз байн бурдани такроршавии вазифаҳо;

– баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ, аз он ҷумла музди меҳнати кормандони милитсия бо дарназардошти минтақа, муҳиммият, хатарнокӣ, душворӣ ва гаронии иҷрои вазифаҳо, муташанниҷии ҳассосӣ, ақлонӣ ва равонӣ, кори аз меъёри муқаррарӣ зиёд;

– кам намудани оқибати манфии иҷтимоии ҷинояткорӣ, инчунин ташаккул ва нигоҳдории муҳити бехатарии иҷтимоӣ;

– таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таҳия ва тасдиқи Консепсияи ҳамкории мақомоти милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, баҳри ба роҳ мондани тарзу усулҳои нави ҳамкорӣ бо ҷомеа, мустаҳкам намудани боварӣ ва эътимоди аҳолӣ ба масъулиятнокӣ ва поквиҷдонии кормандони милитсия;

– таъмин намудани риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон  ва шаҳрванд;

– таъсиси низоми назорати ҷамъиятӣ дар фаъолияти милитсия, таҳқиқоти (мониторинги) ҷамъиятӣ, экспертизаи ҷамъиятии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилӣ, гузаронидани машваратҳо байни ҷомеа ва милитсия, инчунин ба роҳ мондани ҳисоботдиҳии роҳбарони сохторҳои милитсия дар назди аҳолӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ;

– андешидани тадбирҳо бобати риояи ҳифзи ҳуқуқи шахсе, ки аз сӯиқасдҳои ҷиноятӣ зарар дидааст, фароҳам овардани шароит вобаста ба ҳамкории ҷабрдида бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин таъминкунии амалисозии ҳуқуқи мурофиавии ҷабрдидагон ва иштироки таъсирбахши онҳо дар мурофиаҳои судӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, оид ба таъмини ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, аз он ҷумла тақвияти чораҳои таъминкунандаи амнияти ҷабрдидагон, шоҳидон, шахсони ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидаткунанда, ҳамчунин наздикони онҳо дар ҳолати пайдо гардидани таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва моликияти онҳо;

– тавсеаиҳамкориҳои байналмилалӣ ва байниидоравӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти милитсия, аз ҷумла дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;

– дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таъсиси механизми донорӣ ва идоракунии саҳмгузориҳое, ки ба иҷрои Барномаи мазкур равона гардидааст.

3. Ислоҳоти ҳуқуқӣ

Дар ҷараёни гузаронидани ислоҳоти (рушди) милитсия зарурати таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барнома оварда шудааст, ба миён меояд (замимаи1).

Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ, инчунин ба аҳолӣ дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ таъҷилан ахборот пешниҳод карда мешавад.

Низоми ягонаи алоқаи байниҳамдигарии иттилоотии асосҳои донишҳои ҳуқуқии тамоми сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ барои ба ҳар як корманди масъул дастрас гардонидани маълумотҳои умумии таъминоти ҳуқуқии Вазорат таъмин карда мешавад, ки ба ӯ имконияти дар фаъолияти ҳамарӯза истифодабарии он вақабул намудани қарори дахлдорро тибқи талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ медиҳад.

4. Сиёсати кадрӣ

Интихоби кадрҳо ба мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси талаботҳои махсус ва принсипҳои ғайритабъизӣ амалӣ карда мешавад. Ба хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ мардон ва занон аз ҳамаи табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла ақаллиятҳои этникӣ, ҷалб карда мешаванд.

Қабул ба мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси озмун, инчунин бо роҳи бастани қарордод ба амал бароварда мешавад.

Ишғоли мансабҳоиҳайати қаторӣ, афсарӣ ва роҳбарикунанда тариқи озмун ба роҳ монда мешавад. Барои пурра намудани мансабҳоихолӣ маҷмӯи чорабиниҳо, аз қабили эълон намудани озмун барои ишғоли мансаби холӣ, таъмини иштироки ҳамаи хоҳишмандон дар озмун ва омӯзиши пешакии парвандаҳои шахсӣ ба роҳ монда мешавад. Шаффофият дар қабул ва таъиноти ҳайати шахсӣ водор месозад, ки кормандон доимо ба худомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбиашон машғул гарданд.

Барои қабули номзадҳо бахизмат дар милитсия талаботҳо дар сатҳи баланд муқаррар карда мешавад. Корманди милитсия бояд имконияти нишон додани фикру ақидаи солим, адолатпарварӣ, камолот, одоби хуби муошират ва ҳангоми зарурат, сарварӣ ва малакаи идоракуниро дошта бошад. Ғайр аз ин, корманди милитсия бояд фаҳмиши хуби масоили фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дошта бошад.

§ 1. Тайёркунӣ ва тарбияи кадрҳо

Самти афзалиятноки рушди ояндаи фаъолияти кадрӣ, ин сифатан нав намудани низоми тайёркунӣ ва тарбияи кадрҳо, мукаммал намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти кадрӣ ба шумор меравад. Тайёрии касбии кормандони милитсия ба арзишҳои заминавии демократӣ, волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад. Самаранокии низоми тайёрии хизматӣ, ҷангӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳию ахлоқии ҳайати шахсӣ бо роҳи мустаҳкам намудани таъминоти моддию техникӣ баланд бардошта мешавад.

Диққати асосӣ ба кори инфиродию тарбиявӣ, ташкили тайёрии рӯҳию педагогии роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомот, таҳкими интизоми хизматӣ, ташаккул додани муҳити солими равонӣ дар коллектив равона карда мешавад.

Меъёрҳои одоб қисми ҷудонашавандаи фаъолияти касбии корманди мақомоти корҳои дохилӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, бо роҳи муҳокимаи васеъ дар байни ҳайати шахсӣ Кодекси одоби корманди мақомоти корҳои дохилӣ қабул карда мешавад, ки ба талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.

Фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ветеранҳои мақомоти корҳои дохилӣ, судҳои шараф ва дигар ташкилотҳо такмил дода мешавад.

Тайёрии умумии касбии кормандони милитсия, ба истиснои низоме, ки нигоҳ доштани махфиятро талаб мекунад, дар назди ҷомеа ошкоро ба роҳ монда мешавад. Илова бар ин дар гузаронидани чорабиниҳо оид ба тайёрии касбии кормандони милитсия мутахассисони дигар соҳаҳо фаъолона ҷалб карда мешаванд.

Барои сардорони воҳидҳои сохтории милитсия дастур оид ба меъёрҳои интихоби номзадҳо барои таҳсил ва фаъолият таҳия ва тасдиқ карда мешавад, ки дар он ҳама талаботи зарурии пешниҳодшаванда ба номзадҳо пешбинӣ карда мешавад. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ давоми таҳсил аз рӯи ихтисос дар воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ, ки ӯро ба таҳсил фиристодааст, таҷрибаомӯзӣ менамоянд ва аз тарафи роҳбари он барои ишғоли мансаб аз рӯи ихтисос, пешниҳод карда мешаванд.

§2. Болоравии мансабии кормандон

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣдар асоси низоми болоравии зина ба зинаи мансабии кормандон ба роҳ монда мешавад.

Бо ҳамин мақсад маҷмӯи чорабиниҳо, аз ҷумла интихоб, таъин намудан ба вазифаи аввалини роҳбарикунанда, ба инобат гирифтани дастовардҳои хизматӣ ва пешбарии минбаъда ба мансабҳои болоӣ пешбинӣ карда мешаванд, ки ҳамбастагии тамоми давраҳои болоравии кормандро дар хизмат таъмин менамояд.

Болоравӣ дар хизмат бо назардошти риояи интизоми хизматӣ, ташаббускорӣ, афзалияти сифати ахлоқӣ, донишу малакаи касбӣ, натиҷагирии фаъолият, ақидаронии солим асос меёбад.

Барои ҷорӣ намудани чунин низом дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» боби махсус «Болоравии кормандони политсия дар хизмат» ворид карда шудааст, ки дар он масъалаҳои муҳим вобаста ба ниҳоди мазкур (таъин намудан ба вазифа, кор бурдан бо захираи кадрӣ, талаботҳои тахассусӣ, таъинот дар асоси озмун ва ғайра) ворид карда мешавад.

5. Такмили низоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилотии Вазорати корҳои дохилӣ

Баланд бардоштани такмили ихтисос ва маҳорату малакаи касбии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ бо роҳи ҷорӣ намудани низоми пешрафтаи таълим, тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кормандон ба роҳ монда мешавад.

Мақомоти корҳои дохилӣ асосан бо мутахассисоне таъмин карда мешавад, ки муассисаҳои таҳсилотии Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар муассисаҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷа, инчунин мутахассисони касбие, ки дигар муассисаҳои олӣ (мисол, муҳандис, иқтисодчӣ, духтур, барномасоз ва ғайра)-ро хатм намудаанд.

Тартиби қабули имтиҳон дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз тарафи ҳайати комиссияи босалоҳияти мустақил, бо ҷалби намояндагони Шӯрои ҷамъиятии гурӯҳи идораи ислоҳоти милитсия муайян карда мешавад. Талаботҳо ба довталабон ва раванди таълим, аз ҷумла ба дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар барномаҳои таълимӣ, низомномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки самти фаъолияти ин муассисаҳои таълимиро ба танзим медароранд, пешбинӣ карда мешаванд.

Барои расидан ба ин ҳадафҳо муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои хизматӣ ва шароитҳои зарурии корӣ, истироҳатӣ ва таҳсил таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин, сохтмони бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, ки ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ мебошад, дар назар дошта шудааст.

6. Такмили сохтор

Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади бартараф намудани такроршавии фаъолият, такмили сохтори идоракунии мақомоти корҳои дохилӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои зерсохтории он, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии милитсияи тоҷик ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон, сохтори Вазорати корҳои дохилиро мавриди таҷдид қарор медиҳад. Аз ҷумла, таъсис ва такмил додани воҳидҳои сохтории зерин мувофиқи мақсад мебошад:

а) сарнозири Вазорат;

б) сарнозироти милитсия;

в) ҳамоҳангсози миллӣ оид баислоҳоти милитсия;

Тибқи банди 1 моддаи 6 Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Бюрои САҲА дар Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2011, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 феврали соли 2012, №682 эътироф гардидааст, дар сохтори Вазорат воҳиди кории ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ҷорӣ карда мешавад. Ҳамоҳангсози миллӣ ба ҷараёни татбиқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия мусоидат менамояд ва фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ, кишварҳои донор, ташкилотҳои байналмилалии ба ислоҳот ҷалбшаванда, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолиро ҳамоҳанг месозад.

г) Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятӣ (МАИНТҶ);

Тавассути низоми автоматикунонидашудаи идоракунӣ назорати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, тартиботи ҳуқуқӣдар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бинову иншооти махсус ва муҳими ҳифзшавандаро амалӣ менамояд.

д) Маркази илмию таҳқиқотӣ;

Бо дарназардошти он, ки тамоми самтҳои фаъолияти хизматии милитсия дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии идоравӣ, дигар санадҳои зерқонунӣ ва луғати (глоссарии) ислоҳоти политсия ба танзим дароварда мешавад, дар Вазорати корҳои дохилӣ воҳиди сохторӣ таъсис дода мешавад, ки  заминаи таҳияи ин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар асоси таҳлили ҳамаҷониба омода менамояд. Тамоми лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз ҷониби мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи кишвар таҳия ва пешниҳод карда шудаанд, бояд аз ташхиси ҳуқуқӣ гузаранд. Воҳиди мазкур баррасӣ, таҳлил ва омӯзиши самтҳои алоҳидаи амалияи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва иҷтимоӣ, таъмини асосноккунии илмии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадам, муайян намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро ба роҳ мемонад. Аз ин лиҳоз, дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ Маркази илмию таҳқиқотӣ таъсис дода мешавад.

е) минтақаҳои милитсия;

Дар минтақаҳое, ки 35-40 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунад, як минтақаи милитсия иборат аз 35-40 нафар корманди милитсия фаъолият менамояд. Ин пеш аз ҳама барои наздик намудани хизмати милитсия ба аҳолӣ, саривақт ҳозир шудан ба ҷои ҳодиса, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор, бақайдгирӣ ва баррасии арзу дархост ва маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ имконият медиҳад. Бо ин мақсад соли 2015 дар як ё ду ноҳияи кишвар ба таври озмоишӣ лоиҳаи таҷрибавӣ оид ба таъсиси чунин минтақаҳои милитсия гузаронида мешавад. Дар сурати самарабахшии он дар давоми то соли 2020 дар тамоми кишвар чунин минтақаҳои милитсия тибқи нақшаи меъмории замонавӣ, бо назардошти маҳал ва мавқеи ҷойгиршавӣ таъсис ва сохта мешаванд.

Дар сохтори Сармаркази иттилоотию таҳлилӣ зерсохторҳои зерин таъсис дода мешаванд:

– Маркази бақайдгирии ариза ва хабарҳо дар бораи ҷиноят.

Маркази мазкур фаъолияти худро мустақилона, новобаста аз ягон воҳиди сохторӣ ё роҳбари мақомот тавассути воситаҳои электронии ба низоми марказонидашудаи бақайдгирии арзу хабарҳо пайвастгардида, амалӣ менамояд. Кормандони бахш ва гурӯҳҳои Маркази мазкур фаъолияти худро дар вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳия ва минтақаҳои милитсия амалӣ намуда, аз рӯи самти фаъолият танҳо ба сардори Сармаркази иттилоотию таҳлилӣ итоат менамоянд. Сохтор, самти фаъолият, ҳамкорӣ ва муносибати хизматии онҳо ба мақомоти ҷои хизмат дар Низомномаҳои Сармаркази иттилоотию таҳлилӣ ва Маркази мазкур пешбинӣ карда мешаванд.

– шӯъбаи таҳлили маълумотҳои воридшаванда. Шӯъбаи мазкур таҳлил, назорат ва мутобиқатии маълумотҳои тавассути шабакаи электронӣ ба манбаи ягонаи иттилоотии Сармаркази иттилоотию таҳлилӣ аз рӯи аризаҳо, хабарҳо, натиҷаи баррасӣ, қабули қарорҳои мурофиавии воридшавандаро ба анҷом мерасонад.

Дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ таъсис додани Департаменти политсияи криминалӣ, Политсияи бехатарии ҷамъиятӣ ва Сарситоди Вазорат мувофиқи нақша ба роҳ монда мешавад.

Гузаронидани функсияҳои зерини Вазорати корҳои дохилӣ ба дигар мақомоти давлатӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешавад:

– муассисаҳои нигоҳ доштани шахсони дар ҳолати мастӣ дар кӯчаву тангкӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дастгиршуда (ҳушёрхонаҳои Вазорати корҳои дохилӣ) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Вазифаи боздошт ва ба муассисаҳои тандурустӣ овардани ашхоси номбурда ба зиммаи милитсия боқӣ мемонад;

– вазифаи Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ ба Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон супорида мешавад. Гузаронидани корҳои профилактикӣ оид ба пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ба зиммаи милитсия боқӣ мемонад.

7. Ҳамкорӣ бо ҷомеа

Ҳамкории мақомоти милитсия бо ҷомеа ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти (рушди) милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамкорӣ пеш аз ҳама, бо мақсади ҳалли вазифаҳо оид ба мукаммалгардонии дастрасии милитсия ба ҷомеа, таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирӣ, ошкор намудан ва кушодани ҷиноятҳо, дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ амалӣ гардонида мешавад.

Ҳамкории мутақобилаи мақомоти милитсия бо ҷомеа имконияти муштарак намудани қувваҳоро баҳри ташкил намудани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии давлатии мақомоти милитсия ба аҳолӣ, афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия, ба даст овардани тағйироти мусбӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва натиҷаҳои мусбӣ дар фаъолияти мақомоти милитсия медиҳад.

Бо дарназардошти мақсадҳои ислоҳоти (рушди) мақомоти милитсия андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:

– таҳия ва тасдиқ намудани Консепсияи ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;

– ташкил намудани Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкории мутақобила бо мақомоти милитсия (дар сатҳи маҳаллӣ) ва Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳайати Гурӯҳи идораи ислоҳоти (рушди) милитсия (дар сатҳи миллӣ);

– такмили фаъолияти ниҳодҳои дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатӣ, дигар шаклҳои ҳамкории шаҳрвандон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ.

Ба ислоҳоти милитсия иваз намудани номи мақомот, сару либос ва дигаргуниҳои дигар мусоидат менамояд.

Яке аз роҳҳои афзоиши эътимоди аҳолӣ ба мақомоти милитсия, ин иттилоотонии аҳолӣ оид ба вазъи амалиётии маҳал, натиҷаҳои фаъолияти хизматии мақомоти милитсия ба ҳисоб меравад. Мақомоти милитсия вазъи ҷинояткориро дар шаҳру ноҳияҳо таҳлил намуда, мунтазам вохӯриҳо гузаронида, таввасути воситаҳои ахбори омма оид ба вазъи ҷинояткории маҳали муайян аҳолиро бо мақсади иттилоотонии онҳоаз вазъи криминогении маҳалли истиқоматашон хабардор менамояд.

Дар доираи ислоҳот мунтазам бо кормандони милитсия тренингу семинарҳо гузаронида мешавад, ки дар онҳо кормандони милитсия меъёрҳои ҳуқуқи инсонро аз худ намуда, онро дар фаъолияти хизматии худ таъмин ва риоя намуда, инчунин аҳолиро бо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшон шинос менамоянд. Шинос намудани аҳли ҷомеа бо мушкилоте, ки дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ  ба миён меоянд, имконият медиҳад, ки аҳли ҷомеа дар ҳалли вазифаҳои дар назди мақомоти корҳои дохилӣ гузошташуда истифода шавад. Бо ин эътимод ва ҳамкории ҷомеа бо мақомоти милитсия афзун мегардад.

8. Таъмини кафолати риояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон

Бо мақсади баланд бардоштани таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амалӣ намудани  чорабиниҳои зерин, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва шаҳрвандон, афзун намудани шаффофияти фаъолияти милитсия, баланд бардоштани масъулияти корманди милитсия дар риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пурзӯр намудани назоратбарӣ ва баҳогузории фаъолияти кормандони милитсия амалӣ карда мешавад.

Дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба танзим медароранд, мунтазам мавриди омӯзишу такмил қарор дода мешаванд.

Маҷмӯи васеи хизматрасонии иҷтимоӣ, ки милитсия пешниҳод мекунад, дар баробари ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ, рӯҳӣ ва педагогӣ, ҳалли низоъҳои оилавӣ ва маишӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, дур кардани вайронкунандагони низоми тартибот аз ҷойҳои ҷамъиятиро низдар бар мегиранд.

Воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ бовоситаҳои айёнӣ ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон ва ҳуқуқу озодиҳои умуман инсон, инчунин дастрасии маълумотҳои ҳисоботии милитсия барои ҷомеа таъмин карда мешаванд.

Дар кӯчаҳо, маҳалҳои аҳолинишин нишонаҳои ишоратӣ ва эълонҳо оид ба ҷойгиршавии наздиктарин шӯъба ва шӯъбачаҳои милитсия гузошта мешавад. Ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти милитсия, бартараф намудани шароиту омилҳои содиршавии ҷиноят ва эҳтимолияти истифодаи шиканҷа, инчунин эмин доштани кормандони милитсия ва шаҳрвандон аз мухолифати тарафайн, дар таҷриба ҷорӣ намудани сабти видеоӣ аз болои фаъолияти милитсия, пеш аз ҳама дар утоқҳои махсус, ки барои нигаҳдории ашхоси боздоштшуда пешбинӣ шудаанд, дароварда мешавад

Сатҳи маданияти ҳуқуқӣ, касбӣ, маънавӣ, интизоми хизматӣ ва масъулияти ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати риояи муқаррароти қонунҳо дар назди ҷомеаи шаҳрвандӣ баланд бардошта мешавад.

Корманди милитсия вазифадор аст, ки дар ҳама ҳолат ба шаҳрвандон холисона бо ҳисси хайрхоҳона ва тибқи меъёрҳои баланди ахлоқӣ муносибат намояд.

Дар ҳолати пайдо шудани хавфу хатар, корманди милитсия бехатарии ҷабрдидагон ва наздикони онҳоро таъмин намуда, шароитҳои водоркунандаи ҷабрдидагонро ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳайё сохта, инчунин амалисозии ҳуқуқҳои мурофиавии ҷабрдидагон ва иштироки самараноки онҳоро дар мурофиаҳои судӣ таъмин менамояд.

Дар раванди назоратбарии фаъолияти кормандони милитсия аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти онҳо оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон воқеъбинона баҳогузорӣ мешавад.

9. Ташкили низоми нави пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ

Пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ва нигоҳдоштани муҳити иҷтимоии бехатар бояд дар натиҷаи ислоҳот ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти милитсия табдил ёбад.

Барои ин зарур аст, ки таҷрибаи гузаронидани машваратҳои мақомоти милитсия бо аҳли ҷомеа ба таври васеъ истифода шавад. Тавассути гузаронидани машваратҳо бо аҳолӣ милитсия бояд ба таври возеҳ омодагии худро баҳри ба инобат гирифтани мушкилот, арзишҳо ва тавсияҳои сокинони шаҳру ноҳияҳо ва деҳот нишон диҳад. Дар кори пешгирӣ, ошкор ва кушодани ҷиноятҳо сокинони маҳаллӣ бояд шарикони фаъоли милитсия гарданд.

Дар баробари ин, баҳодиҳии самаранокии фаъолияти корманди милитсия бояд дар навбати аввал қобилияти ӯро ҷиҳати корбарӣ бо мушкилоти аҳолии маҳал ва ҷалб намудани сокинони маҳаллӣ ба раванди ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба назар гирад.

Зарур аст, ки нарядҳои (дастаҳои) милитсия, аз ҷумла нарядҳои (дастаҳои) сайёр ҳар чи бештар ба маҳаллаҳои истиқоматӣ наздик ҷойгир шуда, таҷрибаи ба роҳ мондани мунтазам ба сафар баромадан ба нуқтаҳои дурдасти аҳолинишин барои мулоқот бо аҳолӣ, қабулу баррасии аризаю хабарҳо дар бораи ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ҷорӣ карда шавад.

Барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи милитсияи маҳаллӣ гузошташуда, дар шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо ва дигар шаҳру ноҳияҳо низоми назоратбарии сабти видеоии «Шаҳри бехатар» мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Зарур аст, ки чунин механизму тартиботе таъсис дода шавад, ки дар доираи онҳо милитсия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои иҷтимоӣ ва дигар хадамот кӯшишҳоро ҷиҳати нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ ва амният ба нақша гирифта тавонанду онҳоро амалӣ гардонанд.

Асоси муваффақияти пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ин мувофиқат намудани чораҳои пешгирӣ ба шароити маҳал мебошад. Милитсия умуман ва дар алоҳидагӣва дар ҷойҳо бояд дар интихоби шаклу усулҳои корие, ки барои ҳудуди мазкур самаранок мебошанд, ҳамчунин дар имконияти интихоб намудани шаклҳои муносиби ҳамкории мутақобила бо шаҳрвандон вамақомоти давлатии марказиву маҳаллӣ озод бошад.

Милитсия бояд ба хадамоти хизматрасонии шабонарӯзии мунтазам бо доираи васеи хизматрасониҳои иҷтимоӣ мубаддал гардад. Барои расидан ба муваффақият милитсия то андозае, ки имкон дорад, бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамгироӣ намуда, фаъолияти он ба ҳимояи манфиатҳои ҷомеа зери шиори «Милитсия ин халқ, халқин милитсия» ба роҳ монда мешавад.

10. Рушди соҳаи иттилоотонӣ

Мақсади таъсис додани низоми ягонаи иттилоотию коммуникатсионии Вазорати корҳои дохилӣ инҳо мебошанд:

– таъмини риояи ҳуқуқу озодӣ, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ нисбат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

– таъсиси низоми ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, баррасии аризаву хабарҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо, ошкор ва кушодани ҳуқуқвайронкуниҳо;

– дар реҷаи замони воқеӣ дар амал ҷорӣ намудани тартиби қабул, бақайдгирии аризаву хабарҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо, гирифтани маълумот дар бораи онҳо ҷараён ва натиҷаи баррасии онҳо, тавассути портали махсуси Вазорати корҳои дохилӣ;

– пешгирӣ намудани ҳодисаҳои аз бақайдгирӣ пинҳон намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

– роҳ надодан ба алоқаи бевоситаи шахси мансабдори масъул бо шаҳрванд, ки ба амалҳои коррупсионӣ замина мегузорад;

– назорати прокурорӣ ва назоратбарии дохилиидоравии ҷараёни қабули аризаву хабар дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ, гардиши ҳуҷҷатҳо дар реҷаи замони воқеӣ;

– танзими ҳамгироии (интегратсияи) байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, баррасии аризаву хабарҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо, ошкор ва кушодани онҳо;

– баҳодиҳии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба масъалаҳои баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон;

– таъсис додани маҳзани (манбаҳои) иттилоотии маълумот оид ба шахсони ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардашуда, оид ба шиносномаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайди суроғавии онҳо, қайди воситаҳои нақлиёт, додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ, автоматикунонии хизмати литсензияву иҷозатномадиҳӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии силоҳҳои хизматӣ (идоравӣ) ва шахсӣ;

– таъсис додани манбаи ягонаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;

– дастрасӣ ба манбаи маълумотҳо оид ба чиптаҳои фурӯхташудаи нақлиётӣ (роҳҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан, нақлиёти автомобилии мусофиркаш);

– таъсис додани манбаи ягонаи иттилоотӣ оид ба назоратбарии муҳоҷиратӣ аз болои воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, убури транзитии онҳо, рӯйхати ташкилотҳои хориҷӣ ва ташкилотҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти корӣ доранд;

– таъсис додани манбаи ягонаи иттилоотӣ оид ба баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардаанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд;

– рушди соҳаи иттилоотонӣ, ҷорӣ намудан ва мавриди истифода қарор додани таҷҳизоту технологияи иттилоотии муосир;

– ташкил намудани шабакаи ягонаи иттилоотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

– пешниҳоди хизматрасонии давлатии электронӣбарои аҳолӣ;

– мубодилаи маълумотҳои хизматии идоравӣ ва байниидоравӣ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои гузаронидани чорабиниҳои ташкилию техникӣ ҳангоми ҳамгироии (интегратсияи) низоми иттилоотӣ»-ро қабул менамояд, ки он тартиби аз ҷониби субъектҳо ва шахсони мансабдор пешниҳод намудани маълумоти баҳисобгириро дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣба танзим медарорад. Маҳз тавассути ҳамин ҳамгироӣ (интегратсия) принсипи шаффофият амалӣ карда мешавад.

Дар ҳар як мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низоми иттилоотии «Баҳисобгирии муроҷиатҳои шаҳрвандон», ки низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронии мақомоти давлатӣ тавассути «Ҳукумати электронӣ» муттаҳид шудааст, ҷорӣ карда мешавад.

Таъсис додани низоми иттилоотии «Бақайдгирии аризаю хабарҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо» тавассути портали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ахбори аризаю хабарҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо эътимоди аҳолиро нисбат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқафзун мегардонад.

Инчунин, амалӣ намудани бақайдгирии электронии аризаю хабарҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо, яъне ташкил намудани низомоти «Дафтари бақайдгирии электронӣ», «Ҳуҷҷати электронӣ» мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатиро водор месозад, ки дар фаъолияти худ технологияҳои муосирро дар сатҳи зарурӣ истифода бурда, бо ин аз ҳодисаҳои ба қайдгирӣ пинҳон намудани аризаву хабарҳо истисно мешаванд.

11. Гардиши ҳуҷҷатҳои электронии идоравӣ ва байниидоравӣ

Бо мақсади пешбурди фаврӣ ва соддагардонии ҳуҷҷатгузории ҳамарӯза дар Вазорати корҳои дохилӣ, сарфаи маблағҳои пулии барои маводи канселярӣ харҷшаванда гузариш бо пешбурди ҳуҷҷатгузории мақомот зарур аст.

Тамоми гардиши ҳуҷҷатгузории дохилиидоравӣ байни воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ тавассути почтаи электронӣ ва шабакаи ягона ба роҳ монда мешавад. Минбаъд чунин тартиб дар гардиши ҳуҷҷатгузории байниидоравӣ низ ҷорӣ карда мешавад.

Гузаштан ба низоми электронии ҳуҷҷатгузорӣ, барои бақайдгирии саривақтии арзу шикояти шаҳрвандон, назоратбарии иҷроиш, таҳия ва ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳо ва пешниҳод намудани иттилооти дахлдор ба зерсохторҳо мусоидат мекунад.

12. Истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон

Бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳо дар самти истифодабарии қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон «Қоидаҳои истифодабарии қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон аз ҷониби корманди милитсия» таҳия карда мешаванд, ки дар он тартиби пурраи истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон тибқи муқаррароти Кодекси рафтори шахсони мансабдор оид ба нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ ва Принсипҳои асосии истифодабарии қувва ва силоҳи оташфишон аз тарафи кормандони милитсия ҷой дода мешавад.

Истифодабарии қувва ҳамчун чораи ниҳоӣ арзёбӣ карда мешавад. Ҳангоме, ки корманди милитсия истифодаи қувваро ногузир мешуморад, он гоҳ ин қувва набояд аз ҳадди зарурат бештар бошад. Аз ин рӯ, ба таълим, тамрин ва машғулиятҳои амалии пайвастаи корманд аҳамияти махсус додан зарур аст.

Милитсия на танҳо бо силоҳи оташфишон ҷиҳозонида мешавад, балки бо воситаҳои махсус ва силоҳи ҷароҳати сабукдиҳанда, муваққатан мадҳушкунанда, безараргардонанда, ки гунаҳгорро набояд ба марг оварда расонад ва танҳо барои дастгир ва безараргардонии ҷинояткор истифода бурда мешавад, таъмин карда мешавад.

13. Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ дар ду шакли зерин ба роҳ монда мешавад:

а) шакли шартномавию ҳуқуқӣ ва конвенсионӣ (созишномавӣ) – бастан ва амалӣ намудани шартномаҳои дутарафа ва бисёртарафае, ки муносибатҳоро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ ба танзим медароранд;

б) шакли ниҳодӣ (институтсионӣ) – ҳамкорӣ дар доираи ташкилотҳои байналмилалии умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ – СММ, Интерпол, ИДМ, САҲА, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигарон.

Мақомоти корҳои дохилӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, дар ҳамаи самтҳои фаъолияти худ, аз ҷумла дар масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамкорӣ мекунад.

Мақомоти корҳои дохилӣ метавонад ҳамкориро бо дигар мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ тавассути намояндагиҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар хориҷа, ки боқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, амалӣ намояд.

Мақомоти корҳои дохилӣ созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иштирокикормандони милитсия дар вазифаҳои сулҳҷуёна амалӣ менамояд.

Мақомоти корҳои дохилӣ дар иҷрои ӯҳдадории худ аз рӯи ҳамаи самтҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалии мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва фаъолияти онҳо иштирок намуда, дар ин самт бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳо ва идораҳои манфиатдор ҳамкории мутақобилаи зичро амалӣ менамояд.

14. Кафолати ҳимояи иҷтимоию ҳуқуқӣ

Бо мақсади муайян намудани ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, тартиби пардохти мукофотпулиҳо, кӯмакпулиҳои яквақта, иловапулиҳо барои корҳои зиёда аз меъёр ва ҳавасмандгардонии кормандон барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин муқаррар намудани дигар имтиёзҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия карда мешавад.

Бепардохтии фаъолияти зиёда аз меъёри вақти кории кормандони милитсия бояд истисно карда шавад. Корҳои зиёда аз меъёр набояд бештар аз чор соатро дар  давоми ду рӯз паиҳам ташкил намояд, бояд ҳатман пардохт карда шаванд. Миқдори умумии соатҳо барои кори зиёда аз меъёр бояд аз 120 (аз меъёри муқарраргардидаи соатҳо дар як сол) соат дар як сол зиёдтар набошад. Агар эътироф гардад, ки таъмини босифати тартиботи ҳуқуқӣ бо хароҷоти комилан мувофиқи буҷетӣ алоқаманд аст, он гоҳ яқинан ҷалби ғайримақсадноки кормандони милитсия ба функсияҳои хоснабуда камтар гардида, тартиботи ҷамъиятӣ ва амният ба таври бояду шояд, ҳамчун неъмати иҷтимоӣ арзёбӣ хоҳанд шуд.

Кормандони милитсия, хизматчиёни давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, бояд дар сатҳи имконпазири ниҳоӣ дорои ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бошанд. Бахусус, кормандони милитсия ҳуқуқи ташкил намудани ташкилотҳои касбӣ ё иштирок дар кори онҳо, гирифтани имтиёзҳои ба хавфу хатар, вазнинӣ ва мушкилоти кор мутаносиб, мукофотпулиҳои кофӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти оила ва таъминоти иҷтимоию манзилии арзандаро доранд. Ғайр аз ин, бо назардошти хусусияти бо хавфу хатари зиёд алоқамандӣ доштани кори милитсия, онҳо бояд бо хизматрасониҳои махсуси ройгони тандурустӣ, чораҳои ҳимоявии ҷисмонӣ, равонӣ ваҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шаванд. Ҷадвали кории шиддатноки кормандони милитсияро ба назар гирифта, бояд баҳри таъмини дастрасӣ доштани фарзандон ва дигар аъзои оилаи онҳо ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, имтиёзҳои дахлдор пешниҳод карда шаванд.

Нисбати корманди милитсия принсипи далели исботноталаби ибоварӣ(презумпсия) амал мекунад.

Барои гузаронидани чорабиниҳои фароғатию фарҳангии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зарур аст, ки дар марҳилаи аввал дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Кӯлоб ва ноҳияи Рашт марказҳои фарҳангиву фароғатии «Хонаи афсарони полис»-и ҳозиразамон сохта шавад.

Барои баланд бардоштани мақому нуфузи корманди милитсия дар байни аҳолӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ ва молиявӣ-иҷтимоии мақомоти корҳои дохилӣ мутобиқ ба меъёрҳои талаботи зарурӣ барои ҳалли вазифаҳои ба онҳо вогузоршуда, баробар карда мешавад.

Дар навбати худ корманди милитсия аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, метавонад истифода намояд.

15. Назорат ва назоратбарии кори милитсия

Назоратбарии давлатии фаъолияти милитсияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда амалӣ менамоянд. Назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар фаъолияти милитсия аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба ӯ тобеъ анҷом дода мешавад.

Назоратбарии идоравии фаъолияти милитсия аз тарафи Сарнозироти милитсия дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ амалӣ карда мешавад.

Сарнозироти милитсия ба Вазири корҳои дохилӣ тобеъ буда, талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсонро пурра риоя намуда, ба таври касбӣ ва холисона ба манфиати тамоми ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Корманди милитсия барои вайрон кардани қонуният, сӯиистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, иҷро накардан ё иҷрои номуносиби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Дар баробари ин ба корманди милитсия ҳимояи судӣ кафолат дода мешавад. Милитсия вазифадор аст ба он корманди милитсия, ки иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ ё гражданӣ мебошад, кӯмаки ҳуқуқӣ расонад.

Дар ҳолати аз ҷониби корманди милитсия поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, ба онҳо расонидани зарар, мақоми дахлдори милитсия вазифадор аст, ки барои барқарор намудани ин ҳуқуқҳо чораҷӯӣ намояд ва бо талаби шаҳрванд дар шакли дахлдор узр пурсад.

Назорати ҷамъиятии фаъолияти милитсия бо гузаронидани чунин чорабиниҳо, аз қабили мониторинги ҷамъиятӣ, экспертизаи ҷамъиятии санадҳои меъёрии ҳуқуқии милитсия ва Вазорати корҳои дохилӣ, гузаронидани намудҳои гуногуни машваратҳо байни ҷомеа ва давлат, инчунин ҳисоботдиҳии сардорони хадамоти милитсия дар назди аҳолӣ зарур аст.

Комиссияи махсус дар ҳайати Сарнозири Вазорати корҳои дохилӣ, ки аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ таъин гардида, шахсан ба ӯ ҳисоботдиҳанда мебошад ва ду намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ таъин карда мешаванд, таъсис дода мешавад.

16. Маблағгузории Барнома

Барои амалӣ гардонидани ислоҳоти воқеии низоми Вазорати корҳои дохилӣ харҷи маблағҳои зиёде зарур меояд, ки аз Буҷети давлатӣ, ҳамчунин аз тарафи кишварҳои донори Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ташкилотҳои дигари байналмилалӣ гирифта мешаванд. Вобаста ба амалияи гузаронидани ислоҳот ва боназардошти ҷорӣ намудани шаклҳои нави фаъолият, инчунин вобаста ба сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба Барнома тағйирот ва ё иловаҳоро ворид кардан мумкин аст.

Маблағгузории рушди низоми иттилоотонии мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати корҳои дохилӣ пешбинӣ мегарданд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. Вазорати корҳои дохилӣ дар солҳои 2014-2020 дар сметаи хароҷотии худ маблағҳои заруриро бо мақсади таъсис додани низоми иттилоотию коммуникатсионии мақомоти корҳои дохилӣ пешбинӣ менамояд.

Ба Барномаи мазкур Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 замима мегардад, ки дар он марҳилаҳои мушаххас, чорабиниҳо, мақомоти масъул, натиҷаҳои чорабинӣ, солҳои амалигардонии чораҳо ва хароҷоти молиявӣ дарҷ мегарданд.

17. Механизм ва назоратбарии татбиқи Барнома

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои Барнома мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бюрои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон, давлатҳои донор, инчунин дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ҷалб карда мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки ба татбиқ намудани Барнома ҷалб мешаванд, ҳамасола то соли 2020 ҳангоми ташаккули буҷети давлатӣ дар бароварди хароҷоти худ, ки барои Вазорати корҳои дохилӣ пешбинӣ мегардад, маблағи заруриро ба нақша мегиранд.

Ҳамоҳангсози миллӣ, ки воҳиди кори он дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ таъсис дода мешавад, ҳамкориҳои мутақобиларо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии кишвар, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, кишварҳои донор оид ба таҳияи асноди ҳуқуқӣ вобаста ба гузаронидани ҷараёни ислоҳоти милитсия ба роҳ мемонад.

18. Натиҷаҳои пешбинишаванда

Дар анҷоми ислоҳоти (рушди) милитсия чунин натиҷаҳо ба даст меояд:

– ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлат аз сӯиқасд ба манфиатҳои онҳо;

– такмили заминаиҳуқуқии Вазорати корҳои дохилӣ;

– коҳишёбии сатҳи коррупсия ва сӯиистифода аз вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони политсия;

– зери назорати политсия қарор доштани вазъи умумии криминогенӣ;

– ҷорӣ намудани амалияи иштироки бевоситаи ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ҷараёни ислоҳот, ҳамчун шакли нави ҳамкории политсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ;

– мутобиқ намудани шароитҳои меҳнат ва ҳимояи иҷтимоии кормандони политсия ба стандартҳои байналмилалии мақомоти политсия;

– баланд бардоштани касбияти кормандони политсия мутобиқи шакли нави сатҳи таълими муосир;

– таъсиси низоми устувори мақоми мониторинги шаҳрвандӣ аз болои амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ;

– таъмини шаффофият ва оммавӣ будани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ;

– таъмини афзоиши эътимоди аҳолӣ нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ;

– такмили низоми Вазорати корҳои дохилӣ ва аз байн бурдани такроршавии функсияҳо.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin