Амалиёти БДА бо мақсади бартарафнамоии камбудиҳои дар сомонаҳо инъикосгардида
Давоми ҳафтаи гузашта аз ҷониби нозирони роҳи Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади муайяну ошкор намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахти кишвар, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани падидаҳои халалдоркунандаи ҷамъиятӣ, аз қабили гузоштани восиатҳои нақлиёт дар роҳравҳои барои гаштугузори шаҳрвандон пешбинишуда ва ошкорнамоии дигар камбудиҳое, ки оиди масъалаҳои болозикргардида дар расонаҳои интернетӣ инъикос гардидаанд, як қатор чорабиниҳои профилактикиву таъсиррасонӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми санаҳои 28 январ то 2 феврали соли ҷорӣ ҳамагӣ 4328 адад қоидавайронкуниҳои дағал ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷмула:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 4 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 115 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои мусофиркашонӣ – 356 адад;
-Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 127 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 42 адад;
-Истифода набурдани тасмаи бехатарӣ аз тарафи ронандагон ҳангоми ҳаракати воситаи нақлиёт – 701 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 1 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 2982 адад;
-Шумораи воситаҳои нақлиёти ба ҷаримагоҳи БДА дастрасшуда – 27 адад;
Ҳамчунин, ҳафтаи сипаришуда дар асоси супориши сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон Шуъбаи БДА бо мақсади ошкору муайян ва бартараф намудани ҳолатҳои ташвишовари аз ҷониби ронандагон дар ҷойҳои номуқарраршуда ва роҳравҳои барои пиёдагардон пешбинишуда гузошта рафтани воситаҳои нақлиёт, ки ин ҳолатҳо мунтазам тариқи корбарони сомонаҳои интернетӣ ва саҳифаҳои иҷтимоии инъикос гардида, боиси халалдор шудани гаштугузори озодонаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе гардидааст, як қатор чорабиниҳои мақсаднок баргузор намуд.
Дар натиҷа зиёда аз 70 ҳолатҳои чунин қоидавайронкуниҳо муайян ва ошкор карда шуда, нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёт маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.