Дуздии 2000 доллар аз дохили автомашина
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 36-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки 24-уми январи соли 2018, тахминан соати 18:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, ки дар назди боғи “Пойтахт”-и ш.Душанбе беназорат меистод, 2000-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 20-солаи сокини кӯчаи Испечаки пойтахтро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуда, далели шайъӣ гирифта шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.