Дуздии 2000 доллар аз дохили автомашина

Дуздии 2000 доллар аз дохили автомашина

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 36-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки 24-уми январи соли 2018, тахминан соати 18:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, ки дар назди боғи “Пойтахт”-и ш.Душанбе беназорат меистод, 2000-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 20-солаи сокини кӯчаи Испечаки пойтахтро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуда, далели шайъӣ гирифта шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin