• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти фолбин, ки барои дилгармӣ аз узви гург истифода мекард
Боздошти фолбин, ки барои дилгармӣ аз узви гург истифода мекард

Боздошти фолбин, ки барои дилгармӣ аз узви гург истифода мекард

  Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ Раҳимова Лола сокини 43-солаи ш.Душанбе, ҳангоми машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дастгир карда шуд.
  Аз номбурда 7-адад узви гург дарёфту мусодира гардид.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки Раҳимова Л., муаддатест бо истифода аз узви гург, карта, сипанд ва дигар предметҳо ин амали хурофотию мардумфиребонаро анҷом медодааст.


  Вобаста ба ин, нисбаташ бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол гардид.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin