Таҷлили рӯзи забони давлатӣ ва кормандони оперативӣ

Таҷлили рӯзи забони давлатӣ ва кормандони оперативӣ

  Имрӯз дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бахшида ба рӯзи забони давлатӣ ва рӯзи касбии кормандони оперативӣ, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш сардори Раёсати ВКД дар ш.Душанбе, генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, собиқадорон ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт ширкат намуданд.


  Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб доир ба таъриху таҳаввулот ва бузургдошти забони тоҷикӣ бо қироати порчаҳои шеърӣ суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки маҳз забон дар тули таърих нигоҳдорандаи арзишҳои миллати тоҷик ба шумор рафта, миллати тоҷикро дар кашмакашҳои таърихӣ ҳамеша забони нобу шевояш ҳифз кардааст.


  Дар қисмати дигари чорабинӣ доир ба фаъолияту ҷоннисориҳои кормандони оперативии мақомоти милитсия ва саҳми онҳо дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонуну тартибот ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон андешаронӣ гардид.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin