• Home »
  • Баромадҳо »
  • Паёми шодбошии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух, ба муносибати «Рӯзи кормандони оперативӣ»
Паёми шодбошии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух, ба муносибати «Рӯзи кормандони оперативӣ»

Паёми шодбошии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух, ба муносибати «Рӯзи кормандони оперативӣ»

  Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва мубориза бар зидди афроди ҷиноятпеша масъулияти бузургу пуршараф аст!
  Маҳз зиракиву ҳушёрӣ, малакаю маҳорати баланди касбӣ ва бедорхобиҳои тулонии кормандони самти оперативист, ки бар зидди унсурҳои ҷиноятӣ ва халалдоркунандаи суботи ҷамъиятӣ муборизаи беамон бурда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро таъмин менамоянд. Ин аст, ки тибқи таҳлилҳо наздики 90% ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони сохторҳои оперативӣ ошкор карда мешаванд.
  Бо итминони комил метавон гуфт, ки кормандони оперативӣ, ки дар ҳама давраҳои таърихӣ вазифаи пуршараф ва пурмасъули худро иҷро намудаанд, минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматии худ сарбаландона мебароянд.
  Қобили таъкид аст, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шабонарӯзии кормандони воҳидҳои оперативӣ, ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун «Рӯзи кормандони оперативӣ» таҷлил мегардад.
  Бо истифода аз ин фурсат, ҳамаи Шумо кормандони воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилиро ба ин санаи муҳим самимона табрик намуда, ба ҳар яки шумо хонаободиву тансиҳатӣ, хушбахтии рӯзгор ва дар кори пуршарафи касбиатон комёбиҳои беназирро орзумандам.
  Рӯзи кормандони оперативӣ муборак!

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin