Рейди «Калян-бар»: 4-ноболиғ дарсшиканӣ намуда, ба “калян-бар” рафтаанд
Бо мақсади пешгирии рафтани ноболиғон ба марказҳои истеъмоли чилим (калян-бар) аз ҷониби кормандони милитсия чорабиниҳои мақсаднок гузаронида шуд. Зимни санҷиш дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ муайян гардид, ки 4-нафар ноболиғ дарсшиканӣ намуда, дар чилимхонаи «Симурғ», воқеъ дар дохили боғи ба номи А.Фирдавсӣ ҳузур доранд.


Номбурдагон хонандагони синфҳои 8-уми МТМУ №124 ва №42 ноҳияи Фирдавсӣ буда, аз беназоратии маъмурияти ин муассиса истифода бурда, дар вақти дарс ба «калян-бар» рафтаанд.
Вобаста ба ин, нисбати волидайни номбурдагон бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон бо маъмурияти муассисаҳои мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе






























