• Home »
  • ХАБАР »
  • 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ, барои машғул шудан ба фолбинӣ
10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ, барои машғул шудан ба фолбинӣ

10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ, барои машғул шудан ба фолбинӣ

  Барои машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар н.Фирдавсӣ шаҳрванд Саломов Муҳаммадзуҳур, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки ӯ муддатест дар манзили истиқоматиаш шаҳрвандонро қабул намуда, гӯё муносибатҳои зану мардро ба воситаи расм, ришта ва обу сипанд хуб мекардааст. Номбурда ин роҳи фиребро василаи ба даст овардаи манфиати молӣ ва пешбурди зиндагонии худ қарор дода, аз ҳар мизоҷи худ маблағи муайяне ба даст меовард.
  Вобаста ба ин, нисбати Саломов М. бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин намуд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin