Пешгирии муомилоти асъори сомонии қалбакӣ

Пешгирии муомилоти асъори сомонии қалбакӣ

  Чандест тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз паҳншавии асъори сомонии қалбакӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳар гуна хабарҳо паҳн гардида, боиси изтироби шаҳрвандон гардидааст.
  Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони Шӯъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-2 дар ноҳияи Сино як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ҳамчун гумонбар Саъдиев Додихудо Рустамович санаи таваллудаш 03.10.1996 сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.


  Зимни кофтуков аз номбурда 70 адад купюраҳои 500 сомона, 46 адад купюраҳои 200 сомона ва 9 адад 5-ҳазораи рубли Руси, ки ҳамаи онҳо қалбакианд дарёфту мусодира карда шуданд.
  Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки агар мавриди фиреби ин нафар қарор гирифтаанд тавассути рақамҳои 2210057, 2355688 ва 2400451 ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin