Боздошти ронандаи маст
Ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора мекунанд, дидаву дониста ҷони худ ва атрофиёнро зери хатар мегузоранд.
Муҳиддинзода Фурқат, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тайёта», рақамҳои қайди давлатиаш 7000HQ01, ки дар ҳолати мастӣ нақлиётро идора мекард, аз ҷониби кормандони бозрасӣ дастгир карда шуд.
Нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе






























