• Home »
  • ХАБАР »
  • Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Санаи 4 июли соли ҷорӣ, тахминан соати 19:30 дақиқа дар кӯчаи Р.Набиев, назди бинои истиқоматии №230, 3-нафар ҷавонзан бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
  Ҳамчун гумонбар, шаҳрванд Сафаралиева Сафаргул санаи таваллудаш 09.09.1990 ва фарзанди ноболиғаш Набиева Зуҳро санаи таваллудаш 09.09.2010 дастгир карда шуданд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки модару духтар Гулова Мадина, соли тавалудаш 01.08.1998-ро, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагонӣ мекунад, мавриди латукӯб қарор додаанд.
  Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки аз сабаби нофаҳмию муноқишаи кӯдакони ноболиғ, байни ин ду ҳамсоя солҳост хусумату бадбинӣ идома доштааст. Маҳз зимни бозӣ дар зери бинои истиқоматӣ бо ҳамдигар занозанӣ намудани кӯдакон, боиси сар задани муноқиша байни волидон гардид.
  Вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбати Сафаралиева Сафаргул тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin