Омӯзиши раванди татбиқи ислоҳоти милитсия

Омӯзиши раванди татбиқи ислоҳоти милитсия

  Ҳайати Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо иштироки намояндаи милитсияи пойтахт, сардори Шуъбаи кадр ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар ш.Душанбе, подполковники милитсия Хонзода Мақсад, аз 2-юм то 8-уми июли соли 2024 ҷиҳати омӯзиши раванди ислоҳоти милитсия ба Ҷумҳурии Сербская дар Босния ва Ҳерсеговина сафар намуданд.
  Дар ҷараёни сафар ҳайати Гурӯҳи корӣ аз таҷрибаи татбиқи ислоҳоти милитсия дар ин кишвар, фаъолияти ташхиси криминалистӣ, мактаби олии таълимӣ, таҷҳизоту техникаҳои ҷангӣ, воҳиди махсуси зиддитеррористӣ, хадамоти кинологӣ, полиси савора, маҳкамаи нигаҳдории муваққатӣ, тартиби дастгир намудани ҷинояткор ва муҳосираи объект шиносоӣ пайдо намуданд.
  Зикр гардид, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Сербская дар Босния ва Ҳерсеговина оғоз аз соли 1992 аз низоми милитсия ба низоми политсия гузашта, то ин дам дар тамоми самтҳои фаъолияти политсия ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Изҳори умед карда шуд, ки дастовардҳои онҳо дар самти гузариш ба низоми политсия барои амалишавии раванди ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin