• Home »
  • ХАБАР »
  • Гумонбари ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ муайян гардид!
Гумонбари ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ муайян гардид!

Гумонбари ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ муайян гардид!

  Дар натиҷаи коркарди ахбороти воридгардида, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шуда, боиси ҷароҳат бардоштани ронандаи таксии ширкати «Як таксӣ»-Беков Зиёвиддин гардида буд, ошкор карда шуд.
  Муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Ғозиев Абдуҷаббор Абдуғафурович, соли таваллудаш 25.07.1999, сокини н.Рӯдакӣ содир намудааст. Қобили зикр аст, ки номбурда собиқаи ҷиноятӣ дошта, қаблан маҳбасӣ гардидааст. Инчунин, моҳи феврали соли 2024 низ барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дар ҳудуди н.Рӯдакӣ дастгир гардида, айни замон дар маҳбас адои ҷазо намуда истодааст.
  Зимни пурсиш гумонбаршаванда-Ғозиев Абдуҷаббор пурра ба ҷинояти содир намудаи худ иқрор гардид. Ҳамзамон, бо далелҳои зимни коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба даст омада, аз ҷониби ӯ содир гардидани ҷиноят пурра исботи худро ёфт.
  Роҳбарияти РВКД дар ш.Душанбе аз эътимоду боварӣ ва ҳамкории доимӣ, ба шаҳрвандон изҳори сипос менамояд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin