Боздошти ҷавони 28-сола бо ҷурми қаллобӣ

Боздошти ҷавони 28-сола бо ҷурми қаллобӣ

  Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, ҳамчун гумонбар дар содир намудани як чанд далели ҷинояти қаллобӣ шаҳрванд Иброҳимов Азизулло Ҳасанович, санаи таваллудаш 1996 дастгир карда шуд.
  Номбурда, худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, дар кӯчаи Гипрозем бо роҳи фиреб ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёти шаҳрвандонро худсарона гирифта, бо ин роҳ аз ронандагон маблағҳои гуногуни пулӣ меситонидааст.


  Айни замон ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, вобаста ба ҳолатҳои мазкур, тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin