Диққат!!!
Ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, бинобар анҷом додани корҳои таъмирӣ, аз хиёбони Ҳ.Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров то кӯчаи М.Маҳмадалӣ, аз санаи 13-уми июли соли 2024 то 25 августи соли 2024 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда мешавад.
Бинобар ин аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.