Боздошти ду нафар фолбин

Боздошти ду нафар фолбин

  Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт шаҳрвандон Шоев Муродалӣ Насриддинович, соли таваллудаш 1991 ва Мирова Анна Гиоргиевна, соли таваллудаш 1952-ро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир намуданд.
  Номбурдагон дар манзили истиқоматиашон шаҳрвандонро қабул намуда, бахткушоию фолбинӣ, сеҳргарӣ ва ба истилоҳи мардумӣ ба «гармиву хунукӣ» машғул будаанд.
  Зимни санҷиш аз манзили истиқоматии дастгиршудагон як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуданд.
  Нисбати Шоев М. ва Мирова А. тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардиданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin