• Home »
  • ХАБАР »
  • Оқибати мастӣ: ҳабси маъмурии ду нафар ҷавондухтар
Оқибати мастӣ: ҳабси маъмурии ду нафар ҷавондухтар

Оқибати мастӣ: ҳабси маъмурии ду нафар ҷавондухтар

  Аз меъёр зиёд нушидани машрубот дар аксар маврид оқибат ба сар задани қонуншиканӣ анҷом ёфта, нафари сархушро шармандаву бадном месозад.
  Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрвандон Каримбекова Сарвиноз Акбарҷоновна, санаи таваллудаш 21.04.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ва Ҷураева Фарзона Акрамбоевна, санаи таваллудаш 08.01.2005, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Саҳборо дастгир намуданд, ки маҳз дар ҳолати сархушӣ даст ба қонуншиканӣ задаанд.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 4-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 02:00, дар кӯчаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ, дар ҳолати мастӣ ба шаҳрвандон дарафтода, бо дашномҳои кабеҳ шаъну шарафи атрофиёнро паст задаанд. Ҳамзамон номбурдагон бо ҳамдигар низ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва оромву осудагии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд.
  Ин ҳолати муноқиша дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён овардааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати Каримбекова Сарвиноз ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз ва нисбати Ҷураева Фарзона ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин намуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin