Вохурӣ бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ

Вохурӣ бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ

  Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузории силсила мулоқоту вохуриҳои судманд бо сокинону фаъолон ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тебеи марказ ба нақша гирифта шудааст.
  Дар нахустин вохурӣ, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, роҳбарони як қатор мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва сокинону фаъолони ноҳияи мазкур ширкат намуданд.


  Чуноне зимни мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар таъкид намуд, мақсад аз баргузории вохурии мазкур пеш аз ҳам дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар ин замина таҳкими ҳуввияти миллӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирии падидаҳои номатлубу халалдоркунандаи суботу оромӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба шумор меравад. Мавсуф ҳамзамон иброз дошт, ки вазъияти ҷаҳони муосир ҳар яки мо сокинони кишварро водор месозад, то ин ки барои таъмини суботу оромӣ, ҳаёти осоишта ва ояндаи давлатамон ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои пешрафту шукуфоии он саҳми арзишманди худро гузорем.


  Дар идомаи мулоқот сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе, Ҳамидзода Бароталӣ низ суханронӣ намуда, бо таҳлили вазъи мураккаби сиёсиву геополитикӣ, вусъат ёфтани муборизаҳои сиёсию фарҳангӣ аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ тарбия намудани наврасон, бояд ҳар як нафар бо дарки масъулият ба таври ҳамешагӣ талош намояд. Зеро, маҳз фарзандони бо илму дониш ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ тарбиятдида метавонанд, барои ояндаи дурахшони давлату миллати хеш саҳмгузор бошанд.
  Ҳамзамон дигар иштирокдорони вохурӣ низ оид ба як қатор масъалаҳои мубраму ҳалталаби ҷомеа суханронӣ намуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin