10-шабонарӯз ҳабси маъмурии ронандаи «Спринтер»

10-шабонарӯз ҳабси маъмурии ронандаи «Спринтер»

  Санаи 18-уми апрели соли ҷорӣ, дар сомонаҳои интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он бо алфози қабеҳ дашном додани ронандаи автомашинаи тамғаи “Спринтер” инъикос гардидааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Спринтер”, рақамҳои қайди давлатиаш 7711ТТ05 шаҳрванд Тошпӯлотов Комилҷон Хайруллоевич, санаи таваллудаш 23.05.1970, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ, ки дар хатсайри №35 ба фаъолияти мусофирбарӣ машғул аст, дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.


  Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 17-уми апрел, тақрибан соати 22:15 дақиқа дар кӯчаи С.Айнӣ, назди Маркази савдои “Садбарг” рух додааст. Номбурда зимни фаъолияти мусофирбарӣ дар истгоҳ дурру дароз таваққуф намуда, ба ҳаракати воситаи нақлиёти ҷамъиятии троллейбуси хатсайри №10 монеа эҷод намудааст. Ҳамзамон ба эроди ронандаи троллейбус беэътиноӣ намуда, бо алфози қабеҳ нисбаташ дашном дода, шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда Тошпӯлотов Комилҷон тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонӯз таъин карда шуд.
  Ҳамзамон аз ҷониби ширкати ҶДММ «Беҳрӯз-15» шартномаи ҳамкорӣ бо ронанда-Тошпӯлотов Комилҷон, барои вайрон намудани талаботи мусофиркашонӣ қатъ карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin