• Home »
  • ХАБАР »
  • Татбиқи чораҳои таъсиррасони қонунӣ, барои паҳн намудани наворҳои ғайриахлоқӣ
Татбиқи чораҳои таъсиррасони қонунӣ, барои паҳн намудани наворҳои ғайриахлоқӣ

Татбиқи чораҳои таъсиррасони қонунӣ, барои паҳн намудани наворҳои ғайриахлоқӣ

  Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ, баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани чораҳои таъсиррасони қонунӣ, мутаассифона баъзе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои дорои алфози қабеҳро паҳн намуда, боиси коста гаштани ахлоқи ҷомеа мегарданд.
  Гарчанде қаблан шаҳрванд Ҳалимов Ф. аз сабаби ноболиғ буданаш, барои паҳн намудани наворҳои ғайриахлоқӣ расман огоҳонида шуда бошад, ҳам вале амалу кирдорҳои ношоистаи худро идома дода, боиси норозигӣ ва вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардидааст.
  Номбурда мунтазам тавассути саҳифаи Инстаграми худ пахши мустақим намуда, бо алфози қабеҳ нисбати шаҳрвандон ва дигар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дашном намудааст. Ҳамзамон, зимни яке аз пахши мустақим нисбати модари худ бадгуфторӣ намуда, дар байни оммаи шаҳрвандон шаъну шарафи модарашро паст задааст.
  Ин кирдорҳои ғайриахлоқонаи номбурда боиси норозигӣ ва вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардида, аз мақомоти милитсия дархост намудаанд, то ки нисбати Ҳалимов Ф. чораҳои қонунӣ андешаида шавад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурда маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin