Суҳбату вохурии судманд бо фаъолони ноҳияи И. Сомонӣ

Суҳбату вохурии судманд бо фаъолони ноҳияи И. Сомонӣ

  Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба дастуру супоришоҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин санаи 9-уми марти соли ҷорӣ баён доштанд, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, бо иштироки сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе – Ҳамидзода Бароталӣ, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ Саидзода Шоҳрух ва раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан миёни фаъолони ноҳияи мазкур суҳбату вохӯрии судманд баргузор гардид.


  Дар вохӯрӣ масъулин изҳор доштанд, ки тақвияти вазъи корҳои маърифатӣ, сиёсиву идеологӣ дар ҷомеа яке аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини сулҳу суботи мамлакат ва рушди давлатдории миллӣ ниҳоят бузург аст. Инчунин масъулин доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурди корҳои маърифатӣ ва сиёсию идеологӣ дар ҷомеа ибрози назар карда, афзуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ корҳои маърифатӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон бо назардошти авзои минтақа ва ҷаҳон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.


  Дар ин росто, бо дарназардошти равандҳои сиёсию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон, ба майдон омадани ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, тарғиби фарҳанги бегона тавассути филмҳо ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дар шароити кунунӣ зарур аст, ки маърифат ва сатҳи сиёсию идеологии ҷомеа тақвият ёфта, назорат дар ин самт ҷоннок карда шавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin