• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкорсозии беш аз 48-ҳолати фолбиниву ҷодугарӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт
Ошкорсозии беш аз 48-ҳолати фолбиниву ҷодугарӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт

Ошкорсозии беш аз 48-ҳолати фолбиниву ҷодугарӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт

  Машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду, воқеан амали нописандидатарин ба шумор меравад. Вале, мутаассифона маҳз бовариву эътиқоди баъзе аз шаҳрвандони камдонишу зудбовар аст, ки боиси гарм нигоҳ доштани бозори соҳирон ва аз байн нарафтани ин тоифаи муфтхурон гардидаанд.
  Дар ин замина, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври ҳамешагӣ рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида, афроди фолбину ҷодугарро муайян ва нисбаташон чораҳои таъсиррасонии қонунӣ татбиқ менамояд.
  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ танҳо давоми як моҳи охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт 48 ҳолати ба фолбиниву ҷодугарӣ ва дигар амалҳои хурофотӣ машғул гардидани шаҳрвандон ошкор карда шудаанд. Зимни санҷиш ва пурсиши дастгиршудагон ошкор гардид, ки ҳамаи онҳо маҳз бо мақсади ба даст овардани маблағ ба ин амали нагнин даст задаанд.
  Аз ҷумла, шаҳрванд Сатторов Саидиброҳим Абдулаҳадович, санаи таваллудаш 1967, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе муддати тулонист дуохониро василаи ба даст овардани маблағ қарор дода, ба додани тумору таштов ва бо истифода аз трубаи пластикӣ ба муоилиҷаи беморони гуногун машғул будааст.


  Инчунин, зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия пойтахт, муайян карда шуд, ки шаҳрвандон:
Ашурова Виктория Шодиевна, соли таваллудаш 1955, истиқоматкунандаи кӯчаи Гипрозем;


Холов Иброҳим Исмоилович, соли таваллудаш 1968, истиқоматкунандаи маҳаллаи Сомон;


Анголенко Тантяна, соли таваллудаш 1952, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад;


Икромов Иброҳим Қиёмович, соли таваллудаш 1956, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, к.Есенин;


Шуляк Тамара Тимофеевна, соли таваллудаш 1962, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ;


Гадоева Шамсия Файзуллоевна, соли таваллудаш 1966, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ;


Солиҳова Эронгул Алимардоновна, соли таваллудаш 1965, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ;


Олимов Иброҳим Мирзораҳимович, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ;


Додов Фатҳуддин Зиёевич, соли таваллудаш 1970, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Хатлон;


Файзов Исроил Холович, соли таваллудаш 1951, истқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский;


Файзов Холиқназар Холович, соли таваллудаш 1954, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Гипрозем


  дар манзили истиқоматиашон бо истифода аз қулфу калид, қарта, сузану ришта, ҳар гуна матоъҳои ранга ва дигар ашёҳо ба сеҳргариву фолбинӣ, бахткушову мушкилкушо ва ба истилоҳи мардумӣ гармиву хунукӣ машғул будаанд.
  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур, нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримбандӣ карда шуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin