Мулоқоти судманд бо фаъолони ноҳияи Шоҳмансур

Мулоқоти судманд бо фаъолони ноҳияи Шоҳмансур

  16 апрели соли 2024 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9-уми марти соли равон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ироа гардида буданд, бо кормандони сохторҳои марбутаи ноҳияи Шоҳмансур, фаъолон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ҳудуди ноҳияи мазкур вохӯрии судманд доир намуд.


  Зикр гардид, ки маҳз бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва риояи ҳамаҷонибаи талаботи қонунгузории кишвар, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст. Вобаста ба ин, аз ҳар як нафар сокини кишвар тақозо карда мешавад, ки дар баробари риояи қонунҳои амалкунанда, ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин иқдоми шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми боарзиши худро гузоранд.


  Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур масъалаҳои риояи одоби шаҳрдорӣ, саҳм гузоштан дар иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin