Идомаи вохуриҳо бо сокинони маҳаллаҳои пойтахт

Идомаи вохуриҳо бо сокинони маҳаллаҳои пойтахт

  Бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Шоҳмансур, Ҷабборӣ Абдусаттор, сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, подполковники милитсия Абдураҳмонзода Абдукибор ва дигар шахсони масъул дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 бо сокинону фаъолони маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, С.Шедрина, А.Деҳлавӣ, М.Собир ва кӯчаҳои С.Айнӣ, Адҳамов ва Беҳзод мулоқоти судманд баргузор гардид.


  Зимни вохурӣ нуқтаҳои муҳимми суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин ироа гардида буданд, ба шаҳрвандон шарҳу тавзеҳ дода шуд. Зикр гардид, ки дар ин раванди пуртазоду вазъи мураккаби ҷаҳон, бо мақсади нигоҳ доштани тамомияти арзӣ, истиқлоли давлатӣ ва суботу оромии кишвар аз ҳар як нафар масъулияти баланд ва зиракиву ҳушёрӣ тақозо карда мешавад.


  Сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, подполковники милитсия Абдураҳмонзода Абдукибор оид ба вазъи криминогении минтақаи хизматӣ, содиршавии ҷиноятҳои гуногун, махсусан авбошиҳои гурӯҳӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода, бо овардани факту далелҳои дақиқ шаҳрвандонро ба муборизаи дастаҷамъона бар зидди зуҳуроти хатарзои замони муосир даъват намуд.


  Дар ҷараёни мулоқот шаҳрвандон низ фаъолона ширкат намуда, суханронӣ ва саволу пешниҳодҳои муфид намуданд.
  Дар қисмати дигари вохурии мазкур як қатор сокинони фаъоли ноҳияи Шоҳмансур, барои гузоштани саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin