• Home »
  • ХАБАР »
  • Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимӣ
Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимӣ

Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимӣ

  Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ 7-нафар хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 шаҳри Душанбе боздошт карда шуданд.
  Номбурдагон санаи 2-юми апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 12:30 дақиқа, дар кӯчаи Гипрозем, дар назди МТМУ №91 ноҳияи Сино бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни 7-нафар ноболиғ тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin