Баррасии шикояти электронӣ

Баррасии шикояти электронӣ

  Шикояти электронии як нафар сокини кӯчаи Гипроземи ноҳияи Сино, оиди аз ҷониби як гурӯҳ шаҳрвандон вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдор сохтани оромии шаҳрвандон мавриди баррасӣ ва санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шуд.
  Дар натиҷа муайян гардид, ки ҳама рӯза сокинон аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурӣ бо мақсади машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ дар кӯчаи Гипрозем ҷамъ шуда, баръакс ба фаъолияти манфиатнок машғул нагардида, дар баробари бо алфози қабеҳ тартиботро вайрон намудан, ҳамзамон ба қиморбозӣ машғул гардидаанд. Ҳолати мазкур боиси норозигии шаҳрвандон гардида, аз мақомоти милитсия дархост намудаанд, то ин ки нисбати номбурдагон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати 6-нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин карда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби кормандони милистя бо беш аз 20-нафари онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin