• Home »
  • Баромадҳо »
  • Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии кирдорҳои номатлуб дар байни наврасон
Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии кирдорҳои номатлуб дар байни наврасон

Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии кирдорҳои номатлуб дар байни наврасон

  Бо мақсади пешгирӣ ва таҳлилу баррасии вазъи ҷинояткорӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон ва бо ин тартиб ба андухтани илму дониш ҳавасманд гардонидани наврасон мулоқоти навбатии кормандони милитсия ва масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 ноҳияи Сино баргузор гардид.


  Сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Мирзозода Шерафган Юсуф, зимни суханронӣ атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, муноқишаҳои байнимактабӣ, воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхӯшӣ ва интернет-кафеҳо, авбошии ноболиғон ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо ибрози андеша намуд.

  Инчунин, аз ҷониби дигар ширкатдорони мулоқот оид ба як қатор масъалаҳои муҳим аз ҷумла, тарғиби тарзи ҳайти солим дар байни наврасон, ба андухтани илму дониш машғул гардидан, эҳтироми волидону устодон, риояи низому тартиботи таълимӣ, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дигар масъалаҳои мубрам суханрониҳо карда шуда, наврасонро бо омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ ҳидоят намуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin