15-шабонарӯз: ҳабси ронандаи «таксӣ», барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

15-шабонарӯз: ҳабси ронандаи «таксӣ», барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Санаи 10-уми марти соли ҷорӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки як нафар ронандаи автомашинаи сабукрави «таксӣ», дар канори роҳ ҷавонзанеро мавриди лату куб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекунад. Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ҷавони дар навор инъикосёфта муайян ва дастгир карда шуд.
  Ин нафар, шаҳрванд Ибрагимов Ҷамҳур Бобишоевич, санаи таваллудаш 04.07.1989, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Спитамен, ронандаи автомашинаи тамғаи “BYD”, рақами қайди давлатиаш 6991ТТ09, мансуб ба ширкати “Рахш таксӣ” мебошад, ки аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 10-уми марти соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:30 дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштан, ҷавонзани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки бо ӯ робитаи дӯстӣ доштааст, аз сабаби нофаҳмиҳои қаблан мавҷуд буда, мавриди лату куб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати шаҳрванд Ибрагимов Ҷамҳур тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin