Таҷлили пуршукӯҳи «Рӯзи модар»

Таҷлили пуршукӯҳи «Рӯзи модар»

  Бо мақсади эҳтиром ва арҷ гузоштан ба заҳмату талошҳои занону бонувон ҳама сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми март ҳамчун «Рӯзи модар» бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар доираи маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ» ба муносибати ин санаи муҳим чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсат генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ва кормандзанону собиқадорони мақомоти милитсияи пойтахт ширкат намуданд.

  Зимни суханронии худ сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки ҷашнгирии иди бонувон бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хоссае қарор гирифтааст.
  Чуноне зимни суханронӣ дар яке аз мулоқотҳо бо занону бонувон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чунки ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.»


  Қобили зикр аст, ки айни замон дар сохторҳои мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе наздик ба 100-нафар занону бонувон дар вазифаҳои гуногуну роҳбарикунанда содиқонаву софдилона кору фаъолият намуда истодаанд, ки пайваста аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсия дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ қадршиносӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар доираи таҷлили «Рӯзи модар» бо ибтикори Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ба ҳамаи корманд-занони мақомоти милитсияи пойтахт, ҳамчун рамзи шуҷаоатмандиву далерӣ, адолатхоҳиву муборизаи хастанопазир барои таъмини суботу оромӣ ва бо мақсади тарғиби донишандӯзӣ, романи «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ тақдим карда шуд.


  Ҳамзамон дар қисмати дигари чорабинии мазкур як қатор бонувон, корманд-занони мақомоти милитсияи пойтахт барои хизматҳои софдилона ва содиқона, интизоми намунавӣ, ба даст овардани натиҷаҳои хуби корӣ дар фаъолияти хизматӣ ва таҳкими волоияти қонун, бахшида ба «Рӯзи модар» бо нишони сарисинагии «Беҳтарин корманд-зан дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», нишони «Барои хизматҳои аъло дар мақомоти корҳои дохилӣ» ва Ифтихорномаву Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуда, ҳамзамон ба ҳамаи бонувони мақомоти корҳои дохилии пойтахт ҳамчун рамзи тарғиби фарҳанги миллӣ либоси атлас тақдим гардид.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin