Вохурии судманд бо сокинони пойтахт

Вохурии судманд бо сокинони пойтахт

  Дар асоси нақша чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузории силсила вохуриҳо бо тамоми қишрҳои ҷомеа ба нақша гирифта шудааст.
  Аз ҷумла, санаи 30-юми марти соли ҷорӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ва сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, полковники милитсия Файзуллозода Илҳом бо маъмурият ва беш аз 400-нафар тоҷирону соҳибмулкони нуқтаҳои савдои «Бозори Фаровон» вохурӣ баргузор карда шуд.


  Дар мулоқот масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили риояи ҳатмии талаботи қонунҳои амалкунанда, роҳнамоии сокинон дар самти пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, ҳушёр будан дар замони бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, пешгирӣ аз таассубкориву зиёдаравӣ, муборизаи дастаҷамъӣ бо зуҳуроти номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва таъмини волоияти қонун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
  Сардори мақомоти милитсияи пойтахт, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ дар ҷараёни мулоқот бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуда, аз ширкатдорон риояи ҳатмии муқаррароти ин қонунҳоро талаб намуд.


  Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода низ зимни суханронии худ аз ҳозирин ва фурӯшандагону соҳибкорон, ки онҳо ҳамзамон падару модар ҳастанд, тарбияи дуруст ва лозимии насли наврасро тақозо намуд. Қайд гардид, ки дар роҳи рост тарбия намудани фарзанд масъулияти бузурги волидон аст. Фарзанди ватандӯст ва бо тарбия фахри оила ва ҷомеа мебошад.
  Дар ин замина аз соҳибкорону масъулони «Бозори Фаровон» тақозо гардид, ки дар арафаи иди Фитр аз баланд бардоштани нархи маҳсулот худдорӣ кунанд. Воқеан “Бозори Фаровон” калонтарин маҷмааи савдое мебошад, ки дар муайян намудани арзиши маҳсулот дар ҳудуди шаҳри Душанбе нақши асосиро мебозад.


  Ҳамзамон, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №116-и ноҳияи Сино бо фаъону сокинони маҳаллаҳои Ҷӯйбодом, Конститутсия, Чортути Боло, Арбобхотун низ чунин вохурӣ гузаронида шуд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба дарёфти роҳҳои муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҳама гуна зуҳуроти зидди ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва хонандагони мактабҳо, хотима бахшидан ба бегонапарастӣ, амалӣ намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ, таблиғу ташвиқи моҳияти ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ саҳм гузоштан дар раванди давлатдорӣ изҳори андеша намуданд.


  Таъкид гардид, ки дар руҳияи хештаншиносиву ватандорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таълиму тарбия намудани насли ҷавон, аз ҳамагон масъулияти ҷиддӣ талаб мекунад. Вобаста ба ин, бояд ҳар як нафар барои тарбияи насли ҷавон саҳми худро гузоранд, зеро воқеан ояндаи дурахшони давлату миллат аз онҳо вобастагии калон дорад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin