Саҳми шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ

Саҳми шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ

  Дар доираи нақша-чорабиниҳои аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ, полковники милитсия Зуҳурзода Шамсиддин Боймурод бо сокинони маҳаллаҳои Дарвоз, Ҳосилот, Алачабоф ва Дӯстии ноҳияи мазкур вохурӣ намуд.


  Зимни мулоқот номбурда зикр намуд, ки дар баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамзамон саҳми шаҳрвандон низ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои ҷиноятӣ назаррас арзёбӣ мегардад. Ин аст, ки бо мақсади танзим ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд, аз 22 июни соли 2023, №1969 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» ба тасвиб расонида шудааст.


  Чуноне таъкид гардид, қонуни мазкур асосоҳои ҳуқуқии ташкил ва иштироки ихтиёрии инфиродӣ ва дастаҷамъонаи шаҳрвандонро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ муайян менамояд.
  Ҳамзамон, зимни мулоқот меъёр ва талаботҳои қонуни зикр гардида ба ҳозирин фаҳмонида дода шуда, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлубу ҷиноятӣ ва нигоҳ доштани суботу оромӣ, дар баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми худро гузоранд. Зеро танҳо дар ҳамбастагӣ метавон пешири роҳи ҷинояткориро гирифт ва ба ҳама муваффақиятҳо ноил гашт.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin