Риояи қонун кафили пешрафт ва суботу оромист

Риояи қонун кафили пешрафт ва суботу оромист

  Бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Шоҳмансур, Ҷабборӣ Абдусаттор ва сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, полковники милитсия Абдураҳмонзода Абдукибор мулоқоти судманд бо сокинони маҳаллаҳои Якуми май, Яккатут ва Чилмеҳроби ноҳияи мазкур баргузор гардид.


  Зимни вохурӣ зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон ҳуқуқ ва созодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошпнд. Маҳз огоҳии пурраи шаҳрвандон аз талаботҳои қонунҳои амалкунанда ва риояи ҳатмии меъёрҳои он метавонад ба бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд мусоидат намуда, кафили пешрафт ва суботу оромӣ гардад.
  Маҳз бо ҳамин мақсад, дар доираи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш, соли 2024-ро ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудаанд.


  Дар ҷараёни мулоқот, ҳамзамон таъкид гардид, ки дар таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншносию ватандорӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва аз бар намудани донишҳои замонавӣ дар баробари волидайн, мактабу маориф, фаъолони ҷомеа ва пирони рӯзгордида низ бояд саҳмгузор бошанд.


  Сокинон низ дар мулоқот фаъолона ширкат намуда, дар баробари саволу пешниҳодҳои муфид, ҳамзамон бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботҳои зикргардида ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф изҳори омодагӣ намуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin