• Home »
  • Баромадҳо »
  • Мулоқоти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони ноҳияи Сино
Мулоқоти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони ноҳияи Сино

Мулоқоти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони ноҳияи Сино

  Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Сино бо сокинон ва фаъолони ноҳияи мазкур мулоқот доир намуданд.


  Зимни вохурӣ аз ҷониби ширкатдорон як қатор масъалаҳои мубраму ҳалталаб мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Зикр гардид, ки маҳз донистану риояи ҳатмии талаботу меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, метавонад содиршавии ҳама гуна амалу кирдорҳои зидди ҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнокро пешгирӣ намояд.


  Ҳамзамон, зимни мулоқот аз сокинону фаъолони ҷомеа даъват карда шуд, ки бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани наврасон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои тундгаро дар якҷоягӣ бо сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ саҳми худро гузоранд.


  Бе шубҳа баргузории чунин вохуриҳои судманд метавонад ба баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намояд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin