• Home »
  • Баромадҳо »
  • Мақсад аз вохурӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон
Мақсад аз вохурӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Мақсад аз вохурӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

  Аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақша-чорабиниҳо тасдиқ карда шуда, роҳбарияти милитсияи пойтахт дар доираи эълон гардидани соли «Маърифати ҳуқуқӣ» бо тамоми сокинони шаҳри Душанбе сил-сила вохуриҳои озоду ошкоро баргузор намуда истодаанд.


  Аз ҷумла, вохурии навбатӣ аз ҷониби сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, полковники милитсия Файзуллозода Илҳом бо сокинони маҳаллаҳои Гипрозем, Сомон, Борбад, Озодии Занон, Маҳмадшои боло, Наврӯз, Навбаҳор, Пахтакор ва Обчакорони ноҳияи мазкур доир карда шуд.


  Зимни мулоқот, оид ба пешгирӣ ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҳама гуна зуҳуроти зидди ҷамъиятӣ ва ба ин васила тарбияи наврасону ҷавонон бар рӯҳияи ватандорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ ва ҳамзамон оид ба вазъи ҷинояткориву криминогении минтақаи мазкур суханронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки маҳз риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд замина гузошта, ба пешрафту шукуфоии кишвар мусоидат намояд.
  Ҳамзамон, сокинони маҳаллаҳои мазкур низ дар вохурӣ фаъолона ширкат намуда, аз ҷониби онҳо саволу пешниҳодҳои муфид сурат гирифт.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin