Идомаи мулоқоти судманди кормандони милитсия бо шаҳрвандон

Идомаи мулоқоти судманди кормандони милитсия бо шаҳрвандон

  Воқеан, баргузории вохурӣ ва мулоқотҳои озоду ошкоро бо шаҳрвандон ва таҳлилу баррасии вазъи ҷиянояткорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ин тартиб дарёфти роҳҳои муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҳама гуна зуҳуроти зидди ҷамъиятӣ, метавонад то андозае боиси баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон гардида, волоияти қонун дар ҷомеа таъмин карда шавад.
  Дар доираи нақша чорабиниҳои тасдиқ гардида, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, полковники милитсия Ҷабборзода Илҳом Саттор, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101 ноҳияи Сино, бо фаъолону сокинони маҳаллаҳои Ободкорон (Авул), Ҳаёти Нав, 103 ва маҳаллаи 104 вохурии судманд баргузор намуд.


  Зимни мулоқот муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрвандон фаҳмонида шуда, таъкид гардид, ки дар руҳияи хештаншиносиву ватандорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таълиму тарбия намудани насли ҷавон, аз ҳамагон масъулияти ҷиддӣ талаб мекунад. Вобаста ба ин, бояд ҳар як нафар барои тарбияи насли ҷавон саҳми худро гузоранд, зеро воқеан ояндаи дурахшони давлату миллат аз онҳо вобастагии калон дорад.


  Инчунин аз ҷониби кормандони милития зимни вохурӣ вазъи ҷинояткорӣ ва роҳҳои мубориза бо он, пешгирии ҷиноятҳои авбошӣ аз ҷониби наврасон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи одоби шаҳрнишӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити атроф мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки аз ҷониби шаҳрвандон низ ҳамовозӣ пайдо намуд.


  Ҳамзамон, чунин мулоқот дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ноҳияи Сино бо сокинони маҳаллаҳои Лӯчоб ва Буни-ҳисорак низ анҷом дода шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin