• Home »
  • ХАБАР »
  • Бо истифода аз корд: Пешгирии содиршавии ҷинояти авбошӣ аз ҷониби кормандони милитсия
Бо истифода аз корд: Пешгирии содиршавии ҷинояти авбошӣ аз ҷониби кормандони милитсия

Бо истифода аз корд: Пешгирии содиршавии ҷинояти авбошӣ аз ҷониби кормандони милитсия

  Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, бо мақсади пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард аз ҷониби мактаббачагон дар якҷоягӣ бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳо кормандони хадамоти огоҳонию пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аз содиршавии муноқишаи гурӯҳи бо истифода аз силоҳи сард пешгирӣ намуданд.
  Санаи 28-уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 10, дар ҳамкорӣ бо маъмурияти МТМУ №32-и ш.Душанбе, муайян карда шуд, ки ду гуруҳ хонандагони синфҳои 9-и ҳамин муассиса бо маслиҳати пешакӣ мехостанд бо ҳамдигар муноқиша намоянд. Зимни санҷиш сабабу омилҳои муноқишаи ноболиғон муайян карда шуда, бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.


  Ҳамзамон зимни санҷиш аз дасти яке аз хонандагон як адад корд, ки номбурда бо мақсади муноқиша бо худ овардааст, дарёфту мусодира гардид.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin