Ба даст овардани ҳама гуна муваффақият дар ҳамбастагист

Ба даст овардани ҳама гуна муваффақият дар ҳамбастагист

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии амалу кирдорҳои номатлубу ҷиноятӣ, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш таъкид намудаанд, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №119-и ноҳияи Фирдавсӣ, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи мазкур, полковники милитсия Зуҳурзода Шамсиддин Боймурод бо сокинони маҳаллаҳои Деҳқонобод-2, Деҳқонобод-3, Қуштеппа-2, Алачабоф-1 ва Яккатут вохурии озоду ошкоро доир намуд.


  Зимни суханронӣ аз ҷониби мавсуф нуқтаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуда, шаҳрвандонро ба ҳамкориҳои судманд бо мақомоти милитсия даъват намуд. Таъкид гардид, ки маҳз дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ бо ҳамаи қишрҳои ҷомеа метавон садди роҳи ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб гирифта шавад.
  Чуноне полковники милитсия Зуҳурзода Шамсиддин зикр намуд, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ин иқдом метавонад сатҳи огоҳии шаҳрвандонро баланд бардошта, дар натиҷаи иҷроиши меъёр ва талаботи қонунҳои амалкунанда, сатҳи қонуншиканӣ коҳиш ёфта, ба пешрафту тараққиёти кишвари азизамон Тоҷикистон мусоидат намояд.


  Номбурда ҳамзамон оид ба як қатор масъалаҳои мубрами дигар, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, махсусан авбошиҳои гурӯҳии мактаббачагон, риояи одобу маърифати шаҳрдорӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити атроф суханронӣ намуд.


  Ҳамзамон дар қисмати дигари мулоқот сокинон низ фаъолона ширкат намуда, дар баробари пешниҳоди саволҳо, оид ба масъалаи муборизаи якҷоя бар зидди ҷинояткорӣ бо мақомоти милитсия изҳори омодагӣ намуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin