• Home »
  • ХАБАР »
  • Татбиқи ҷазои маъмурӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
Татбиқи ҷазои маъмурӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Татбиқи ҷазои маъмурӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Аз ҷониби кормандони милитсия дар асоси муроҷиат ва навори ирсол намудаи як нафар сокини пойтахт, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрвандон Ашуров Маҳмадшо Файзалиевич, санаи таваллудаш 22.07.1995 ва Шарипов Эҳсон Абдуманнонович, санаи таваллудаш 16.07.1990 истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе кӯчаи Испечак дастгир карда шуданд.


  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурдагон санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ, ҳангоми дар кӯчаи Испечак қарор доштан бе ягон асос ҷавони ба милитсия муроҷиаткунандаро бо алфози қабеҳ дашному ҳақорат намуда, бо ӯ муноқиша карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ашуров Маҳмадшо ва Шарипов Эҳсон тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin