Ҷаримабандии ронандаи хатсайри №47, барои аз меъёр зиёд гирифтани мусофир

Ҷаримабандии ронандаи хатсайри №47, барои аз меъёр зиёд гирифтани мусофир

  Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе маврид ронандагон аз меъёр зиёд мусофир гирифта, боиси нороҳатии шаҳрвандон мегарданд. Гарчанде бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо кормандони милитсия рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намоянд ҳам, вале шаҳрвандон низ бояд бетараф набошанд.
  Як нафар сокини шаҳри Душанбе тавассути суроғаи электронӣ ба мақомоти милитсия наворе ирсол намуд, ки дар он ҳолати аз меъёр зиёд гирифтани мусофир аз ҷониби ронандаи воситаи нақлиёти хатсайри №47 инъикос ёфтааст.
  Ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони бозрасӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақамҳои қайди давлатиаш 5581ТТ09, шаҳрванд Кишваров Эҳсониддин Файзалиевич мебошад.
  Номбурда зимни фаъолияти корӣ дар воситаи нақлиёти худ аз меъёри муқарраргардида зиёд мусофир гирифта, ҳатто бо дарҳои кушода ҳолати хатарноку садамавиро ба миён оварда, воситаи нақлиёти худро идора мекард.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда-Кишваров Эҳсониддин тибқи талаботи моддаи 320-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои риоя накардани қоидаҳои мусофиркашонӣ ва аз меъёр зиёд гирифтани мусофир, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд содир накардани чунин қоидавайронкунӣ ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin