Таҷлили 31-умин солгарди таъсисиёбии Артиши миллӣ

Таҷлили 31-умин солгарди таъсисиёбии Артиши миллӣ

  23 феврали соли 2024 аз таъсиёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур шуд. Вобаста ба солгарди ин санаи муҳим дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтат, собиқадорон ва фарзандону хешовандони кормандони милитсия, ки айни замон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар адои хизмат карда истодаанд, чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид.


  Муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ҳабиб Сайфулло Абдулло зимни маърӯзаи худ таъкид намуд, ки маҳз бо ташаббус ва дастгириву ғамхории пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллӣ таъсис дода шудааст. Баҳри мустаҳакам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар пайваста ғамхориҳо зоҳир мегардад. Ин аст, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як сохтори қудратманди боэътимод ва кафили амнияти кишвар аз ҳар гуна хатарҳо мубаддал гардидааст ва он бо гузашти рӯзу моҳ қавӣ ва боиқтидор мегардад.


  Ҳамзамон дар ин чорабинӣ корманд-занони милитсия низ зимни суханрониҳои худ мардон ва тамоми кормандони соҳаро ба муносибати ҷашни Артиши миллӣ табрик гуфта, аз корнамоиҳо ва ватандӯстию садоқати фарзандони далери миллат, ки имрӯз дар мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои қудратии мамлакат баҳри ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагонии осоиштаи мардум кору фаъолияти босамари шабонарӯзӣ доранд, андешаронӣ намуданд.


  Дар қисмати дигари чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт ба фарзандону хешовандони кормандони милитсия, ки айни замон дар сафи Қувваҳои мусаллаи кишвар адои хизмат намуда, рисолати мардонагиро адо карда истодаанд, барои ҳисси баланди ватандӯстӣ, иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, гузоштани саҳми беандоза дар тақвиятёбии иқтидори ҳарбӣ, бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.


  Ҳамзамон вобаста ба ин санаи муҳим ба як қатор кормандони милитсия рутбаҳои навбатӣ супорида шуданд.
  Чорабинии зебои фарҳангӣ идомабахши ҳамоиши мазкур гардида, он баҳри болидахотирии иштирокдорон замина гузошт.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin