Сафарбарии хатмкунандагони Академияи ВКД ба таҷрибаомӯзӣ

Сафарбарии хатмкунандагони Академияи ВКД ба таҷрибаомӯзӣ

  Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов бо хатмкунандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҷрибаомӯзии таълимии пеш аз дипломӣ ба сохторҳои милитсияи пойтахт сафарбар гардидаанд, мулоқот доир намуд.


  Номбурда зимни вохурӣ таъкид намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсия ба таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон, такмил додани донишу малакаи касбии онҳо ва дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ, ки мақсади асосии таҷрибаомӯзӣ ба шумор меравад, аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Мавсуф ҳамзамон мутахассисони ҷавонро, ки баъд аз хатм дар сохторҳои мақомоти милитсия ба фаъолияти корӣ шуруъ менамоянд, ба далериву ҷасурӣ, садоқатмандӣ ба миллату давлати хеш, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ, андухтани ҳар чӣ бештари донишҳои соҳавӣ, такмил додани малакаи касбӣ ва аз бар намудани забонҳои хориҷӣ даъват намуд.


  Қобили зикр аст, ки дар доираи нақшаи таълимӣ хатмкунандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамаи самтҳои фаъолияти милитсия ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуда, баъд аз хатм бо назардошти дониш ва малакаи касбии онҳо дар сохторҳои гуногуни милитсия ба фаъолияти корӣ шуруъ мекунанд.
  Вобаста ба ин, зимни мулоқот аз ҷониби сардори мақомоти милитсияи пойтахт ба масъулини шуъбаҳои корҳои дохилӣ бо мақсади назорати сифатнокии таҷрибаомӯзӣ ва такмили донишу малакаи касбии курсантон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin