• Home »
  • ХАБАР »
  • Мусодираи 30-адад силоҳи сард давоми моҳи январи соли 2024
Мусодираи 30-адад силоҳи сард давоми моҳи январи соли 2024

Мусодираи 30-адад силоҳи сард давоми моҳи январи соли 2024

  Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт давоми чанд соли охир бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард, амалиёти шартии «Корд» роҳандозӣ гардидааст. Ин аст, ки кормандони милитсия ҳамарӯза зимни баргузории рейду амалиётҳои профилактикӣ аз наврасону ҷавонон предметҳои гуногуни ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро мусодира намуда, то андозае пеши роҳи сар задани ҷиноятҳои вазнинро мегиранд.
  Гарчанде баргузории амалиёти мазкур натиҷаҳои назаррас ба бор оварда бошад ҳам, вале ҳанӯз мушоҳида мегардад, ки баъзе аз ноболиғон аз бепарвоӣ ва бемасъулиятии волидайни худ истифода намуда, бо худ корд ва дигар намудҳои яроқи сардро мегардонанд, ки ин амали онҳо метавонад бо оқибатҳои вазнин анҷом ёбад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бештари маврид маҳз дар натиҷаи бо худ доштани корд ҳангоми муноқишаҳои гурӯҳӣ ноболиғону ҷавонон аз он истифода бурда, ба нафарони дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидаанд.
  Дар натиҷаи баргузории амалиёти мазкур давоми моҳи январи соли ҷорӣ, аз ноболиғону ҷавонон дар маҷмуъ 30-адад силоҳи сард, аз қабили 26-адад кордҳои гуногун, 2-адад кастет ва 2-адад чӯбдаст (бита) мусодира карда шудаанд.
  Аз ҷониби кормандони милитсия бо ин наврасону ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, оқибатҳои фоҷеабори бо худ гардонидани силоҳи сард ва истифода аз он фаҳмонида шуданд. Ҳамзамон нисбати волидайни онҳо барои бемасъулиятӣ зоҳир намудан тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шудааст.
  Вобаста ба ин бори дигар аз кулли шаҳрвандон, махсусан волидайн ва он нафароне, ки наврасон зери тарбияи онҳо қарор доранд талаб карда мешавад, ки нисбати таълиму тарбия ва амалу рафтори наврасон масъулияти ҷиддӣ эҳсос намуда, нагузоранд то ин ки онҳо вақти пурқиммати худро бесамар сипарӣ намоянд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin