Даст ба ғоратгарӣ задани ҷавони 19-сола

Даст ба ғоратгарӣ задани ҷавони 19-сола

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 28 ба 29-уми январи соли 2024, тахминан соати 01:00 ҳангоми дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-11”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
  Инчунин, гумонбаршаванда, санаи 17-уми феврали соли 2024, тахминан соати 06:40-дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бе ягон асос ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро мавриди лату кӯб қарор дода, сипас бо корди дар дасташ буда, ӯро таҳдид карда, 5 ҳазору 400-сомониашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin