Вохурии кормандони милитсия бо хонандагони МТМУ №90

Вохурии кормандони милитсия бо хонандагони МТМУ №90

  Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар доираи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, мулоқоти навбатии кормандони мақомоти милитсия бо хонандагони ин муассиса доир гардид.
  Дар вохӯрии мазкур сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, полковники милитсия Файзуллозода Илҳом Файзулло, намояндагони маориф ва дигар сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат намуданд.


  Таъкид гардид, ки таълиму тарбияи насли наврас зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва тахассусманд гардонидани насли ҷавон тамоми шароитҳои зарурӣ таъмин карда шудаанд. Дар ин замина ҳамаи қишрҳои ҷомеа, махсусан волидайн ва он нафароне, ки наврасон зери тарбияи онҳо қарор доранд, дар таълиму тарбияи наврасон масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд. Фарзандонро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандорӣ тарбия намуда, нагузоранд то ки онҳо вақти пурқиммати худро ба корҳои беҳуда сипарӣ намоянд.


  Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон ва бо истифода аз олоти буррандаю халанда расонидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, риоя накардани тартибу низоми таълимӣ, машғул шудан ба бозиҳои зараровари компютерӣ, истифодаи чилим (калян) аз ҷониби ноболиғон ва дигар масъалаҳои изтиробангез мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin