Боздошти ронандаи «Тайота» барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ

Боздошти ронандаи «Тайота» барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ

  Риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф вазифа ва қарзи инсонии ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Бе шубҳа, ба муҳити атроф партофтани ҳар гуна партовҳои гуногуни маишӣ ва коста гардонидани ҳусну зебогии хиёбону гулгашт ва роҳҳои мошингард, ин нишондиҳандаи костагии одобу ахлоқ ва маданияти чунин афрод мебошад.
  Мутаасифона ҳастанд бархе афроде, ки нисбати ҳама ободиву зебогиҳо хунукназарона рафтор намуда, бо амалу кирдори худ боиси коста гаштани зебогии атроф мегарданд.


  Аз ҷумла, дар асоси муроҷиати электронӣ ва матлаби дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота”, рақамҳои қайди давлатиаш 5560TS01, Саидмеҳроҷиддини Ҳотамшоҳ боздошт карда шуд. Номбурда зимни идораи воситаи нақлиёт боқимондаҳои афлесун, коғазпора ва пучоқи пиставу бодомро дар роҳи мошингард партофтааст. Зимни пурсиш номбурда ба кирдори содир намудаи худ иқрор гашта, изҳори пушаймонӣ намуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Саидмеҳроҷиддини Ҳотамшоҳ тибқи талаботи моддаи 112 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin