• Home »
  • Баромадҳо »
  • Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти оперативӣ-хизматии РВКД дар шаҳри Душанбе
Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти оперативӣ-хизматии РВКД дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти оперативӣ-хизматии РВКД дар шаҳри Душанбе

  9-уми январи соли 2024 дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти оперативӣ-хизматии раёсати мазкур дар давоми соли 2023 бо иштироки Вазирикорҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардид.


Дар ҷаласа масъалаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар давоми сипаригардидаи соли 2023 ва фаъолияти шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
  Дар оғози ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ оид ба иҷрои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, таъкид кард, ки мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳо пурзӯр карда шавад. Мавсуф доир ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки дар ин самт бояд чораҳои муассир андешида шуда, вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки волидайн ва нозирони минтақавӣ дар байни ҷавонону ноболиғон тақвият бахшида шавад.


  Дар ҷараёни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ камбудию норасоиҳо дар фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳу нақлиёт, танбашавӣ ва пешгирии қоидавайронкуниҳо як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гул Маҳбуба, полковники милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin