• Home »
  • Баромадҳо »
  • Собиқадорони милитсия дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон саҳм мегузоранд
Собиқадорони милитсия дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон саҳм мегузоранд

Собиқадорони милитсия дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон саҳм мегузоранд

  Зимни Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Дар доираи ин иқдом Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ва кормандони ҷавони милитсияи пойтахт баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо собиқадорон ва семинарҳои омӯзиширо ба роҳ мондааст.
  Бо ин мақсад, дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи солонаи Шӯрои собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ, бо иштироки сардори Раёсат генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, раиси Шӯрои собиқадорони ВКД, генерал-майори милитсия Ҷурахонзода Сайид Қаюм, раиси Шӯрои ҷангу меҳнат ва собиқадорони шаҳри Душанбе, Назаров Абдуҳамид, раисони Шӯрои собиқадорони милитсияи шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат намуданд.

  Нахуст бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни собиқадорон ба лавҳаи хотиравии собиқ вазири корҳои дохилӣ Бобо Маҳкам ва лавҳаи хотиравии кормандони зимни адои хизмат фавтида, гулчамбар гузошта шуд.
  Зимни баргузории ҷаласаи мазкур сардори мақомоти милитсияи пойтахт, баъзе аз нуқтаҳои Паёми Пешвои муаззами миллатро шарҳу тавзеҳ дода, таъкид намуд, ки воқеан бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз малака ва таҷрибаи бойи собиқадорон истифода намудан, ниҳоят ба маврид ва самаронок аст. Зеро ҳар яке аз собиқадорон худ мактаби бузурги пур аз донишу таҷриба ва шуҷоату мардонагӣ ба шумор рафта, дар тӯли солҳои зиёди фаъолияти корӣ дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият аз иҷрои уҳдадориҳои сахту сангини хизматӣ бо сарбаландона баромадаанд.


  Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки мақомоти милитсия ҳамеша талошу заҳматҳои собиқадоронро пос дошта, аз малака ва таҷрибаи кории онҳо барои беҳбудии фаъолият ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ҷавони милитсия самаранок истифода менамоянд.

  Ҳамзамон ду нафар собиқадорони милитсияи шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Воҳидзода Зайнулло Қудрат ва майори милитсия Боқизода Бобоҷон Амин, ки беш аз 30-сол дар сафи мақомоти милитсия кору фаъолият намудаанд, дар вазъияти тантанавӣ ба нафақа гусел карда шуданд.


  Дар идомаи ҷаласаи мазкур Раиси Шӯрои собиқадорони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм суханронӣ намуда, аз дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти Олии кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Мавсуф зикр намуд, ки собиқадорони мақомоти милитсия дар доираи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва дар руҳияи Ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон саҳми худро гузоранд.


  Ҳамзамон як қатор собиқадорон бо медалу Ифтихорнома ва тӯҳфҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
  Инчунин дар ҷараёни чорабинӣ ҳисоботи раисони Шӯрои собиқадорони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шунида шуд.

  Ҳамзамон, дар қисмати дигари чорабинӣ ҳайати собиқадорони мақомоти милитсия аз ҷараёни сохтмони бинои нави Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дидан намуданд. Инчунин собиқадорон аз Кохи Наврӯз ва майдони «Истиқлол» ва музейи онро тамошо намуда, ба худ як ҷаҳон хотироти накӯ бардоштанд.

  Қобили зикр аст, ки баргузории чунин мулоқоту вохурӣ ва маҳфилҳои омӯзишӣ бо иштироки собиқадорони мақомоти милитсия минбаъд низ ба нақша гирифта шуда, собиқадорон аз таҷрибаи бойи худ кормандони ҷавони милитсияро меомӯзонанд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin