Паём – роҳнамоест ба фардои дурахшони кишвар

Паём – роҳнамоест ба фардои дурахшони кишвар

  Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки сардори Раёсат, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахт ҷаласа баргузор гардид.
  Зимни суханронии хеш сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе баъзе аз нуқтаҳои Паёмро шарҳу тавзеҳ дода, иброз намуд, ки воқеан Паём санади роҳнамоест, ки тамоми самтҳои фаъолияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирад. Дар ин замина кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, низ роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти худ намуда, ҷиҳати таъмини тартиботу волоияти қонун ва ҳифзи субот таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон пайваста талош менамоянд.


  Мавсуф ҳамзамон иброз дошт, ки дар доираи дастуру супоришҳои зимни Паём аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардида, бо мақсади тақвият бахшидани малакаи забондонии кормандони милитсияи пойтахт бо ҷалби мутахассисон машғулиятҳои омӯзишӣ ва курсҳои забономӯзӣ ташкил карда шудааст. Кормандони милитсия зимни ин машғулиятҳо савияи донишу малакаи забондонии худро такмил медиҳанд.
  Ҳамзамон дар қисмати дигари ҷаласаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони милитсия ва назорати иҷроиши саривақтию босифати дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар як қатор Комиссия ва созмону Шуроҳои ҷамъиятӣ ташкил ва раисону ҳайати онҳо аз ҳисоби кормандони фаъоли милитсияи пойтахт интихоб карда шуданд. Чуноне таъкид гардид, фаъолияти самараноки созмонҳои ҷамъиятӣ метавонад, дар тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони милитсия муосидат намояд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin