Нақши корманд-занони милтсия дар таъмини волоияти қонун

Нақши корманд-занони милтсия дар таъмини волоияти қонун

  Занон дар мақомоти милитсия ҷойгоҳи хоссаи худро дошта, ба фаъолияти самараноки онҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мегардад. Ин аст, ки дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ корманд-занон дар вазифаҳои гуногуну прмасъулият пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ фаъолияти пурсамар доранд.


  Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, дастгириҳои иҷтимоӣ ва бартарафсозии мушкилоту норасоии фаъолияти корӣ, дар партави Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомолаӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои занони милитсияи пойтахт баргузор гардид.
  Дар ҷаласаи мазкур муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ҳабиб Сайфулло Абдулло ва ҳамаи корманд-занони милитсияи шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

  Раиси Шӯрои занони милитсияи шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Баҳридинзода Муниза, оид ба иҷроиши нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида ва фаъолияти пурсамари корманд-занон дар соли сипаригашта ба таври муфассал ҳисобот пешниҳод намуд. Ҳамзамон номбурда таъкид намуд, ки бо дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар имрӯзҳо мақому мартабаи занон дар ҷомеа баланд гардида, корманд-занони милитсияи пойтахт бо талошу фаъолияти шабонарузӣ, дар рушди ҷомеа ва таъмини тартиботу волоияти қонун саҳми худро мегузоранд.


  Дар қисмати дигари ҷаласаи мазкур аз ҷониби ҳамаи корманд-занони милисияи пойтахт, подполковники милитсия Баҳридинзода Муниза ҳамчун Раиси Шӯрои занон ва лейтенанти калони милитсия Табарова Омина муовини ӯ интихоб карда шуданд. Ҳамзамон нақша-чорабиниҳои фаъолияти Шӯрои занон дар соли ҷорӣ қабул гардид.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin